Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ҷомеа

Ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ҷомеа

Бо ташаббуси раёсати корҳои тарбия рӯзи 20-уми апрел мулоқоти Абдуалим Норасов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ баргузор гардид. 
А. Норасов дар мавзуи ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ҷомеа аз самтҳои меҳварии рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, доир ба ҷойгоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар низоми иҷтимоии кишвар фикру андешаҳои худро баён дошт. 
Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳои мардум, бахусус гурӯҳи ҷомеашиносон, диншиносон ва ҳуқуқшиносони варзидаи мамлакат ба тавсиб расидааст. Дар давраи амалишавии қонуни мазкур сатҳи зиндагии мардум нисбат ба солҳои қалбӣ бомаротиб боло рафт, ҷашну маросимҳо ба меҳвари муайян ворид ва танзим гардид. 
Сардори раёсати корҳои тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода дар идома иброз дошт, ки ҷавонон, бахусус донишҷӯёни моро лозим аст бештар ба илму адаб, варзиш, касбомӯзӣ эътибор дода, осори таърихии аҷдодонамонро барои такмили ҳаматарафаи худ истифода баранд ва барои беҳбудии зиндагии халқ ва ободии диёр содиқона хизмат намоянд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Баргузор намудани ин қабил чорабиниҳои муфид барои тақвияти худшиносии миллии донишҷӯён, риояи расму оинҳо мусоидат намуда, барои тарғибу ташвиқи дахлу харҷ дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ҷиҳати гузаронидани тӯю маъракаҳо дар ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. 


Тағоймурод Эшзода