Хабарҳо
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад
Санаи 21-уми апрели соли равон бо иштироки Аҳмад Бобозода, Далер Раҳмон, судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Суҳайлӣ Қодирӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи мавзуи «Ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа василаи пешгирии ҷинояткорӣ ва хариду фурӯши инсон ва дигар ҷиноятҳои барои ҷомеа хатарнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохурӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз раёсати корҳои тарбия, устодон ва донишҷӯёни курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор иштирок намуданд.
Устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва зиддикоррупсионӣ Субҳон Мирзоев чорабиниро кушода зимни суханронӣ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чун шахсони ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибмаърифат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҷодаи ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва пойдории сулҳу амонӣ дар кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фаъолияти мақомотҳои қудратӣ ҳамон вақт осон мегардад ва самар медиҳад, ки шаҳрвандон қонунҳоро риоя намуда, ба ҳуқуқвайронкунӣ ва беинтизомии атрофиён бетараф набошанд.
Аҳмад Бобозода, Суҳайлӣ Қодирӣ ва Раҳмон Далер дар баромади худ муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ, истифодаи шабакаҳои интернетӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, санадҳои эъломияи ҳуқуқи башар, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ изҳори андеша намуда, таъкид карданд, ки «Надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад». Бинобар ин, вазифаи падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ин аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд. Танҳо бо баргардонидану ҳабс кардан ин мушкилот ҳал намешавад. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмондани хатои онҳо ва оқибати нохуши он истифода бурд.
Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳо барои тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад.
Тағоймурод Эшзода