Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конференсия дар бахшҳо идома дорад

Конференсия дар бахшҳо идома дорад

Тавре пештар иттилоъ дода будем, 18-уми апрели соли равон ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) оғоз гардида буд, имрӯзҳо он дар ҳашт бахш идома ёфта истодааст. 
Дар бахши молия, иқтисод ва қарз роҳбараш профессор Б. Насриддинов дар санаи 18 то 19-уми апрел зиёда аз 53 маъруза, дар бахши фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт роҳбар – дотсент М.Ашуров зиёда аз 41 маъруза, дар бахши муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ раис - дотсент З. Давлатшоева зиёда аз 27 маъруза, дар бахши иқтисод ва бизнес (дотсент С.Шукуров) зиёда аз 27 маъруза, дар бахши менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ (дотсент Ҷ.Бобоев) 37 маъруза, дар бахши ҳисобдорӣ ва омор (Б.Бобомуродов) 46 маъруза, дар бахши фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва мудофиаи гражданӣ (профессор Р.Раҳимов) 31 маъруза ва дар бахши фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо (дотсент Х. Насриддинов) зиёда аз 55 маъруза пешниҳод гардиданд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Бояд қайд кард, ки маърузаҳои баромадкунандагон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, мавзуъҳои мубрами самтҳои алоҳидаи илмиро фарогир буда, зиёда аз 300 маърузаро ташкил мекард. Дар охир мақолаҳои беҳтарин муайян карда мешаванд ва санаи 23-уми апрел ба роҳбарияти донишгоҳ ҳисоботи роҳбарони бахшҳо супорида шуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд. 


Тағоймурод Эшзода