Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷамъбасти ҳафтаи илм дар ДДМИТ

Ҷамъбасти ҳафтаи илм дар ДДМИТ

Рӯзи 23 апрел «Ҳафтаи илми тоҷик» дар ДДМИТ ҷамъбаст гардида, аз он натиҷагирӣ карда шуд. Қайд гардид, ки тайи як ҳафта дар 8 бахш: молия, иқтисод ва қарз; фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт; муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ; иқтисод ва бизнес; менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ; ҳисобдорӣ ва омор; фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва мудофиаи гражданӣ; фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо профессорон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо маърузаҳо баромад намуданд. 
Зимни ҷамъбасти конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрҳою донишҷӯён, ки ба он 317 мақола пешниҳод гардида буд, ҳисоботи раисони бахшҳо шунида шуд. Зикр гардид, ки устодон маърузаҳоеро пешниҳод карданд, ки дорои масъалаҳои мубрами рӯз буда, масоили муҳими илми муосир ва ҷанбаҳое аз корҳои илмии онҳоро инъикос мекард. 
Дар фарҷом муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Баҳодур Ҷӯрахонзода баромад намуда, фаъолияти конференсия ва натиҷаҳои онро мусбат арзёбӣ карда, иштироки устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро дар конференсия хуб арзёбӣ намуд. Номбурда пешниҳод сохт, ки минбаъд ҳангоми баргузории конференсияҳои илмӣ шумораи зиёди донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯён ҷалб карда шаванд. 
Б. Ҷӯрахонзода иброз дошт, ки мақсад аз доирнамоии ин конференсия, ки дар сатҳи олӣ доир гардид, таҳкими робитаи назария бо амалия ва татбиқи илм дар истеҳсолот мебошад. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Сипас, сардорони бахшҳо - молия, иқтисод ва қарз - профессор Б. Насриддинов, фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт - дотсент М. Ашуров, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ - дотсент З. Давлатшоева, иқтисод ва бизнес - дотсент С. Шукуров, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ - дотсент Ҷ. Бобоев, ҳисобдорӣ ва омор - Б. Бобомуродов, фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва мудофиаи гражданӣ - профессор Р. Раҳимов ва дар бахши фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо - дотсент Х. Насриддинов назару хулосаҳои хешро пешниҳод намуданд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Ҳамчунин, дар ҳар бахш мақола ва маърузачии беҳтарин муайян карда шуданд. Ҳамин тавр, дар бахши молия, иқтисод ва қарз - Б. Сафаров ва Н. Муртазоев, дар бахши фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт - М. Акрамов ва О. Фарайдунов, дар бахши муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ - М. Буриева ва С. Файзуллоева, дар бахши иқтисод ва бизнес - М. Ҳусейнов ва М. Исайнова, дар бахши менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ - Ҳ. Оралбоев ва Ш. Ғаффорова, дар бахши ҳисобдорӣ ва омор С. Маъдиев ва А. Оев, фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва мудофиаи гражданӣ - Б. Саидов, Б. Шарипов, М. Сафаров, Г. Исломова, дар бахши фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо Б. Қодирова, О. Саидҷаъфаров, С. Носиров, З. Ҷонмардов, М. Зарифов, Ф. Султонов аз беҳтарин маърузаҳо ва баромадҳо дониста шуданд. 
Инчунин, мақолаҳои илмии донишҷӯён - Ҳ. Носиров, Қ. Ҳомидов, Х. Пирова ва Ҳ. Маҳмуродов аз беҳтаринҳо муаррифӣ гардида, ба онҳо Ифтихорномаҳо тақдим гардид. 
Ёдовар бояд шуд, ки «Ҳафтаи илми тоҷик» бо баргузории конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрҳою донишҷӯён бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ДДМИТ аз 13-ум то 23-юми апрели соли равон идома ёфт. 


Наврӯз Ҷобиров