Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯйи ДДМИТ - ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ»

Донишҷӯйи ДДМИТ - ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ»

Боиси ифтихор аст, ки Фирдавс Раҳимзода, донишҷӯйи курси 3, ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарзи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар бахши ҳуқуқшиносӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» сазовори ҷойи дуюм гардид. Ба Фирдавс дипломро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар чорабинии сатҳи баланд, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид, тақдим намуд. 
Лозим ба ёдоварист, ки Фирдавс Раҳимзода лоиҳаи хешро дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии таъмини неруи барқ ва масоили ҳуқуқии он тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии бевосита, ҳамаҷониба ва мунтазами номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Субҳоналӣ Мирзоев ба озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» пешниҳод намуда буд. 
Ӯ, ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо ҳамсабақонаш - Ҳумайнӣ Носиров ва Қобилҷон Ҳомидов ба озмуни байналмилалии «Проблемаҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ», ки даври ҷамъбастии он дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор мегардад, мақолаи хешро таҳти унвони «Масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ» пешниҳод намуд. Ӯ аз даври дуюми ин озмун гузашта, ба даври ҷамъбастии он, ки рӯзҳои наздик доир мегардад, роҳхат гирифтааст. 
Ҳамзамон, Фирдавс ҳамроҳи Ҳумайнӣ дар озмуни «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ», ки бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ доир гардид, лоиҳаи пешниҳоднамудаашон дар мавзуи «Мубаддал гардонидани оби табиӣ ба оби тозаи ошомиданӣ бо истифода аз технологияҳои муосир» сазовори ҷойи якум гардид. 
Фирдавс мегӯяд, ки дар оянда нақша дорад донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, равияи илмро идома дода, ба магистратура дохил шавад ва ба миллату ватан содиқона хизмат намояд. Ӯ мехоҳад дар оянда дар бахши ҳуқуқшиноси соҳаи бонкдорӣ кору фаъолият намояд. 
Мо бо ин ғолибият Фирдавсро табрик намуда, барояш дар оянда муваффақияту комёбиҳои навро орзу менамоем. 
Лозим ба ёдоварист, ки Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» аз соли 2016 инҷониб бо мақсади дастгирии ҷавонон ва қадрдонӣ аз хизмату заҳматҳои онҳо миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад ва донишҷӯёни ДДМИТ пайваста дар он иштирок намуда, ғолибият ба даст меоранд. 


Наврӯз Ҷобиров