Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Суҳбат дар мавзуи рӯз

Суҳбат дар мавзуи рӯз

Санаи 25-уми апрели соли равон дар толори таълимии донишгоҳ вохӯрии ректор Ҳакимбек Абдуалимзода бо хатмкунандагони соли таҳсили 2021-2022 доир гардид, ки дар он Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ашурбӣ Каримова, муовини раиси ноҳияи Сино ва Шаҳзод Раҳимзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Нахуст ректори донишгоҳ Ҳ. Абдуалимзода дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сухан ронда, дар бораи ҷавонмардӣ, вафодорӣ ва номбардори нангу номуси ин марзу бум будани эшон изҳори ақида намуд ва аз донишҷӯён хостори саҳм гузоштан дар таъмини амнияти кишварро карда гуфт, ки артиш мактаби воқеии зиндагӣ, мардонагӣ ва ҷасорат аст. Вазифаи артиш, пеш аз ҳама, муҳофизати ҳудуди давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ мебошад. Рисолати муқаддаси Артиши миллӣ ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми кишвар ба ҳисоб меравад ва барои ҷавонони бо нангу номус он дарси мардонагист. 
mrbd401.jpgИ. Мирзозода дар баромади худ оид ба давлатсозии Пешвои миллат, сохтани роҳҳои нав ва муҳайё сохтани шароитҳои мусоид барои таҳсил ва дар баробари ин дар бораи донишҷӯёне, ки ихтиёран мехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намоянд, дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ сухан карда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳар донишҷӯе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меравад, дар дилхоҳ қисми ҳарбие, ки ба маҳалли зисташ наздик аст, метавонад хизмат намояд ва баъди адои хизмат бе озмун бо ба даст овардани се хол дар дилхоҳ мақомоти давлатӣ кору фаъолият намояд. 
А. Каримова бошад, ҳамчун зан-роҳбар ба сухан баромада, иброз дошт, ки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст ва Пешвои миллат ба ҷавонон такя мекунанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳаббати ҳар як шаҳрвандро нисбат ба Ватан-Модар зиёд намуда, ӯро дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия мекунад. Ҷавононе, ки ба сафи аскарӣ даъват мегарданд, вазифаи муқаддаси худро бо устувориву фидокорӣ иҷро менамоянд, ки ин аз муҳаббат ва садоқат ба Ватан дарак медиҳад. 
mrbd403.jpgДар идомаи ин гуфтаҳо Ш. Раҳимзода қайд намуд, ки ҷавонони моро зарур аст, ки садоқати худро на ба сухан, балки дар амал исбот намоянд. 
- Мо набояд бетараф бошем, чунки бетарафӣ бешарафист. Калиди хонаи мо дар дасти худи мост, набояд ин калид ба дасти дигарон афтад. Мо бояд марди хона ва марди Ватани азизамон бошему шабонарӯз ҳар пора хоки онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, гуфт баромадкунанда. 
Донишҷӯи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ С. Абдураҳмонов аз байни донишҷӯён ихтиёран баромад намуда, дар ҳузури ректор ва меҳмонҳо ваъда дод, ки тайёр аст фардо ба хизмати Ватан-Модар рафта, баъди адои хизмат боз таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад. 
Қайд карда шуд, ки хатмкунандагоне, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил мекунанд, метавонанд бе монеа имтиҳонҳоро супорида, бо ариза ба комиссариятҳои ҳарбии маҳалли зисташон муроҷиат намуда, ба хизмат фаро гирифта шаванд ва аз имтиёзҳои муқарраргардида истифода бурда, дар оянда як фарди номдори халқу Ватан ба камол расанд. 



Тағоймурод Эшзода