Хабарҳо
Табиат ба ғамхории инсон ниёз дорад
Тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Алишер Партобов санаи 26-уми апрели соли равон маҳфили илмии донишҷӯён “Табиатшиноси ҷавон” баргузор гардид.
Дар оғоз А.Партобов доир ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ сухаронӣ намуда таъкид кард, ки инсон бояд ба табиат на танҳо чун объекти истифодашаванда дар назар дошта бошад, балки ба он бештар ғамхорӣ намояд. Аксаран ба табиат ба таври хунукназарона рафтор мекунанд, ки ин оқибати хуб надорад. Имрӯз аз ҳаррӯзаю ҳарсола дида табиат ба ғамхории бештари инсон ниёз дорад. Заминаи пайдоиши масъалаҳои экологӣ ба афзудани аҳолии сайёра сахт вобаста аст. Зеро ҳар кадом сокини он ба хӯрдану нӯшидан, манзил, истифодаи сарватҳои табиӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, мушкилоти муҳити зист ба миён меояд. Инҷо рафтори боақлонаи инсон зарур аст, то вазъи экологиро дар ҳалли мувозинат нигоҳ дорад, гуфт дар охир А.Партобов.
Сипас аз ҷониби донишҷӯёни курси 1-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар истеҳсолот Мадина Асламзода, Меҳрона Бозорова, Анушервон Асламзода, Омина Сатторова, Бузургмеҳр Ғафурзода ва Бобоҷон Назриев бо маърузаҳо дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ” баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни масъаларо баррасӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби иштироккунандагон доир ба мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
Тағоймурод Эшзода