Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муҳокимаи рисолаи илмӣ

Муҳокимаи рисолаи илмӣ

Санаи 26-уми апрели соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии докторанти PhD –и кафедраи назарияи иқтисодӣ Аҳлиддин Мирзозода дар мавзуи «Такмили механизми ҳавасмандгардонии моддии меҳнати кормандони корхонаҳои саноатӣ дар минтақа (дар мисоли вилояти Хатлон)” зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Б.Сафаров доир гардид. 
Дар он мазмун ва мундариҷаи рисолаи илмии муҳаққиқ пешниҳод гардид. Мавзуи интихобнамудаи муҳаққиқ дар татбиқи сиёсати иҷтимоӣ мавриди баҳсу мунозира ва дарёфти роҳҳои илмии ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дар самти мавзуи тадқиқот қарор гирифт. 
Дар музокира ва хулосабарорӣ дотсентони кафедраи таҳлили иқтисодӣ А. Урунбоев ва кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ С. Маъдиев баромад намуданд. Дар натиҷа бо назардошти ислоҳи эродҳо дар кори диссертатсионӣ ва пешниҳод намудани он барои даври минбаъда тавсия дода шуд. 


Тағоймурод Эшзода