Хабарҳо
Дарси сиёсӣ тарбиявӣ баҳри ҳушёрии сиёсӣ
Тибқи ҷадвали баргузории дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ доир ба мавзуъҳои актуалии ҷомеа бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 27-уми апрели соли равон дар толори таълимии донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дарси кушоди профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров баргузор гардид.
Номбурда ҳангоми баромад дар бораи шинохту дарки моҳияти Ваҳдати миллӣ ва ҳимояи он дар раванди рақобатҳои геополитикӣ, вазифаи ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун василаи бақои давлатдории муосири миллии ин миллат сухан ронда, аз ҳамагон хостори ҳимояи истиқлили давлатӣ ва расидан ба қадру манзалати ин марзу буми кишварро тоқозо намуд.
Дар хотимаи дарс донишҷӯён ба профессор оид ба вазъи ҳозираи сиёсии ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва дигар мавзуъҳо суолҳои мушаххас дода, ба худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки чунин дарсҳои сиёсӣ тарбиявии раёсати корҳои тарбиявӣ аз санаи 26-уми апрел оғоз гардида, то 6-уми май идома меёбад.
Тағоймурод Эшзода