Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ба ҳимояи Ватан-Модар тайёрем!

Ба ҳимояи Ватан-Модар тайёрем!

Ду нафар донишҷӯи курси чаҳоруми ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарзи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сунатулло Абдураҳмонов ва Алиназар Раҳматшоев аҳд намуданд, ки имтиҳонҳоро пешакӣ супорида, барои ба хизмати Ватан-Модар рафтан ба комиссарияти ҳарбии маҳалли зисташон муроҷиат намоянд. 
С. Абдураҳмонов соли таваллудаш 09.04.2001, зодаи Чуқурқишлоқи ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон мехоҳад дар қисми ҳарбии сарҳадоти ҷумҳурӣ ва А. Раҳматшоев соли таваллудаш 27.12.2000, зодаи деҳаи Шувҷеви ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бошад, мехоҳад дар қисми ҳарбии дар маҳаллаи Қулпистаи ноҳияи Варзоб ҷойгирбуда хизмати Ватан-Модарро ба ҷо оварда, бо сари баланд ба назди волидонашон баргарданд. 
Онҳо сабаби ин иқдоми пешгирифтаашон бо сари баланд барои нангу номуси мардӣ, садоқат ба Ватан-Модар, ба Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистанд. 
Мо ин диловарони майдони нангро бо ин азми қавиашон табрику муборакбод намуда, дар хизматҳои ояндаашон дар ҷодаи нигоҳдории амнияти кишвар ба онҳо муваффақиятҳо хоҳонем. 


Тағоймурод Эшзода