Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аз рӯи 4 номинатсия 11 нафар ғолибият ба даст оварданд

Аз рӯи 4 номинатсия 11 нафар ғолибият ба даст оварданд

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи илмӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию маърифатӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ташаккули афкори солим, бой гардонидани захираи луғавӣ, рушди ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии устодону донишҷӯён ва муайян намудани беҳтаринҳо миёни устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. 
Бо мақсади дар сатҳи олӣ баргузор намудани озмуни мазкур Фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон “Оид ба гузаронидани озмуни дохилидонишгоҳии донишҷӯён, магистрантон, докторонтон ва унвонҷӯён таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба имзо расид. Тибқи фармоиш барои муайян намудани ғолибони озмун комиссия дар ҳайати устодони тахассусӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи фармоиши мазкур Низомномаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳия ва дар Шӯрои олимон тасдиқ гардид. 
Рӯзҳои 11-13 апрели соли ҷорӣ озмун дар сатҳи факултетҳо баргузор гардид, ки дар он 36 нафар донишҷӯёну устодон аз рӯйи 4 номинатсия: адабиёти муосир; адабиёти классикӣ; адабиёти ҷаҳон; эҷоди назму наср фаъолона иштирок намуданд ва ба даври донишгоҳӣ 14 нафар роҳҳат гирифтанд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Санаи 26-28 апрели соли ҷорӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Озмунро муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров оғоз намуда, қайд кард, ки раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайравӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар дохил онро дар сатҳи баланд мегузаронад. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур муайян кардани ғолибон ва ба даври минбаъда равон кардани онҳо мебошад. Албатта, баргузории озмун барои ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхонӣ равона гардидааст. 
Иштирокчиёни озмунро ҳайати ҳакамон санҷида, ғолибонро муайян намуданд ва 11 нафар барои иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. 


Евгения Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия