Хабарҳо
Иқтисодиёт - кафолати рушди ҷомеа
Рӯзи 28-уми апрел дар толори фарҳангии ДДМИТ бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарз дарси сиёсӣ-тарбиявии профессор Шариф Раҳимзода баргузор гардид.
Профессор дар мавзуи «Ташаккули низоми иқтисодии Тоҷикистон: дирӯз, имрӯз ва фардо» бо истифода аз слайд ва факту далелҳои илмӣ баромад намуда, қайд кард, ки иқтисодиёт ин низоми хоҷагидорӣ аст ва мо барои қонеъ намудани талаботи ҳаррӯзаи худ аз ин соҳа истифода менамоем.
Номбурда, ҳамчунин дар бораи мегаиқтисод, микроиқтисод ва макроиқтисод андешаронӣ намуда, дар бораи тағйирёбии сатҳи рушди иқтисодиёт дар солҳои 1991-2020, динамикаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии солҳои 2011-2020, дар бараи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва самтҳои иқтисодиёт истода гузашт.
- Мақсад аз иқтисодиёт гирифтани фоида аст. Иқтисодиёт асоси ҳасти инсоният ва гарави рушди ҷомеа мебошад. Инсони бесавод рушди иқтисодиро таъмин карда наметавонад – гуфт ӯ ва аз донишҷӯён хоҳиш намуд, ки бояд бештар китоб хонанду илм омӯзанд, то фардо як мутахассиси хуб шуда, ба халқу Ватан софдилона хизмат намоянд.
Дар охир сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода гуфт, ки донишҷӯёни донишгоҳ аз ин дарс ба худ як ҷаҳон таассуроти хуб бардошта, барои боз ҳам омӯхтани нозукиҳои илмҳои иқтисодӣ бештар кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Тағоймурод Эшзода