Хабарҳо
Ғолибони озмуни байналмилалӣ
Тавре пештар хабар дода будем, озмуни байналмилалии мақолаҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён таҳти унвони «Проблемаҳои сохтории давлат ва ҳуқуқи шаҳрвандон» аз ҷониби Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар доираи Конгресси менеҷмент ва ҳуқуқи Форуми XII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё баргузор гардид.
Даври ниҳоии озмун 27 апрели соли 2022 дар як вақт дар ду макон, яке дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал (Екатеринбурги Федератсияи Россия), дигаре дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (тариқи онлайн) шуда гузашт.
Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба касби интихобкардаашон, ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқ буда, ҳадафҳои озмун ин муайян намудани неруи таҳлилии ҳуқуқшиносон, иқтисоддонҳо ва менеҷерони ҷавон, ҳавасмандгардонии раванди мубодилаи дониш, ғоя, таҷриба дар истифодаи механизмҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмини ҳамгироии илми ҷавонон бо муҳити ҷаҳонии тадқиқот, ташаккул додани малакаҳои гузаронидани тадқиқоти муқоисавии ҳуқуқӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили қонунгузорӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки донишҷӯни курси 3-юми ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарзи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Фирдавс Раҳимзода, Ҳумайнӣ Носиров ва Қобилҷон Ҳомидов дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда дар байни мамлакатҳои ИДМ сазовори ҷои панҷум шуданд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Фируз Қодиров барои гирифтани сертификати лоиҳаи грантӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, директори парки технологӣ, Фаридулло Убайдуллоев дар озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзуи “Таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик” баромад намуда, соҳиби сертификат гардид.
Санаи 29-уми апрели соли равон ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода дар ҳузури аъзоёни Шӯрои олимони донишгоҳ ба ғолибони ин озмунҳои байналмилалӣ сипосномаҳо супорида, барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он дар арсаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ муваффақиятҳо орзу намуд.
Тағоймурод Эшзода