Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси кушоди профессор Саидмуродзода Л

Дарси кушоди профессор Саидмуродзода Л

Санаи 26 апрели соли равон бо иштироки васеи профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси кушоди д.и.и, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар мавзуи «Буҳронҳои молиявӣ: моҳият, сабабҳо ва оқибатҳои онҳо» гузаронида шуд. 
Зимни баргузории дарси кушод профессор оид ба моҳият, таърихи буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ, сабабҳои сар задани буҳронҳо ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти ҷаҳон, алалхусус иқтисодиёти Тоҷикистон гуфта гузашт. 
Аз баромади Саидмуродзода Л. маълум гашт, ки омилҳои гуногун боиси сар задани буҳронҳо шуда, давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба монанди ИМА сабабгори буҳрон шуда метавонанд. Зимнан қайд шуд, ки таърихи иқтисодиёт то ба имрӯз ҳашт буҳрони иқтисодию молиявиро паси сар карда, шароити пандемия ва вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон метавонанд хатари сар задани буҳрони дигарро ба миён оранд. 
- Тавре таҷриба нишон медиҳад, сабаби асосии буҳрони молиявии солҳои 2007-2009 ин зиёд шудани ҳиссаи дороиҳои молиявӣ дар ҳаҷми умумии сармояи ИМА мебошад. Инчунин сабаби бевоситаи буҳрони умумии молиявӣ ва бонкӣ дар ИМА буҳрони қарздиҳии ипотекӣ ба шахсони даромади камдошта ва таърихи бади қарзидошта мебошад, гуфт профессор. 
Қайд карда шуд, ки сабаби асосии табдил ёфтани буҳрони молиявии ИМА ба ҷаҳонӣ, ин ҷаҳонишавии молиявӣ мебошад. Сабаби иқтисодии буҳрон ин, пеш аз ҳама, истифодаи беназорати воситаҳои сохтаи молиявӣ - дериватҳо мебошад, ки дар бозори молиявӣ аз ибтидои солҳои 1990-ум фаъолона ворид гаштаанд. 
Профессор оқибатҳои буҳронҳоро ба иқтисодиёти ҷаҳон ва иқтисодиёти Тоҷикистон шарҳ дода, якчанд роҳҳои пешгирикундаро ба ҳозирин баён намуданд. 
Дар охир саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳо посухи қаноаткунанда дода шуд.