Хабарҳо
Хатмкунандагони ДДМИТ ихтиёран ба аскарӣ мераванд
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин мактаби бузурги ҷасорат ва мардонагист. Бинобар ин, имрӯзҳо низ сафи ҷавононе, ки ихтиёран хизмат карданро ба Ватан-Модар мактаби мардонагии худ медонанд, зиёд шуда истодааст ва ҷавонони синни даъват ба сафи Артиши миллӣ пайваста истодаанд.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ барои ҷалби хатмкунандагони донишгоҳ ба хизмати аскарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ пайваста гузаронида мешавад.
Рӯзи 30 апрели соли равон 12 нафар донишҷӯи курси чорум – 7 нафар аз факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, 3 нафар аз факултети иқтисод ва бизнес, 2 нафар аз факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ баъди супоридани имтиҳони давлатӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ихтиёран сафарбар карда шуданд.
Имтиҳони давлатиро Баҳодур Каримов, н.и.и., мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи байналмилалии сай ёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат раисӣ ва қабул кард.
Баъди супоридани имтиҳони давлатӣ Б.Ҷурахонзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим дар ҳузури устодон аз ибтикороти хатмкунандагон дастгирӣ намуда, онҳоро барои хизмати ҷавонмардона ва софдилона дар ҳифзи Ватан даъват кард. Ӯ дар баробари ин афзуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин қарзи шаҳрвандӣ ва мардии ҳар як ҷавонмард аст ва онро ҳар соҳибватан бо сари баланд ва мардонавор бояд иҷро намояд.