Хабарҳо
Баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ
Санаи 30-уми апрели соли равон дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумхуриявӣ “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва “Солҳои рушди саноат” 2022-2026 баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи 3 равия: математика, технологияи иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ бо асосхои демографии он фаъолона ширкат варзиданд.
Бино ба маълумоти сардори раёсати илм ва инноватсия Евгения Мирзоева даври ниҳоии озмуни мазкур дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар таърихи 13-14-уми майи соли 2022 баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якум иштирок менамоянд.
Тағоймурод Эшзода