Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

“Ахтарони аудит” муайян гардиданд

“Ахтарони аудит” муайян гардиданд

Санаи 6-уми май дар донишгоҳ бо иштироки сардори раёсати илм ва инноватсия, устодон ва донишҷӯён викторинаи фаннии кафедраи аудит ва ревизия ҷамъбаст гардид. Чун анъана ин кафедра дар пояи маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра зери шиори “Ахтарони аудит” ҳарсола викторинаи фанниро баргузор менамояд, ки имсол он аз 15-уми апрел то 3-юми май идома ёфт. 
Дар викторина аз фанни “Аудит”, ки зери шиори “Илм - эътимод - мустақилият” роҳандозӣ гардид, зиёда аз 35 нафар донишҷӯ иштирок намуданд. Аксаран ихтисоси аудит ва ревизия ташкил менамуд. Ғайр аз ин, донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ ва иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ низ иштироки фаъолона доштанд. 
Барои муайян намудани ғолибон аз ҳайати устодони кафедра комиссия ташкил гардид ва муайян карда шуд, ки К. Қурбонов - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси аудит ва ревизия сазовори ҷойи якум, Н. Аловиддинов - донишҷӯи курси якуми ихтисоси технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ ғолиби ҷойи дуюм, Р. Маҳмадуллоева - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси аудит ва ревизия ва Б. Каримзода - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Ғолибон бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд. 
Баргузории чунин виктаринаҳо байни донишҷӯёни донишгоҳ барои пурра аз бар намудану омӯхтани нозукиҳои ихтисоси интихобнамуда шароит фароҳам меоварад. 


Анис Оев, ассистенти кафедраи аудит ва ревизия