Хабарҳо
Баррасии таъсири низоми андоз ба рушди иқтисодиёти миллӣ
Санаи 7-уми майи соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия, кафедраи андоз ва андозбандӣ ва пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба инкишофи иқтисодиёти миллӣ: воқеият ва дурнамо», бо иштироки васеи устодону кормандон ва меҳмонон доир гардид. Дар он Маликзода Назрулло Саймиддин, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абубакр Асадуллозода, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи андоз ва устодон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.
Саравал Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илми донишгоҳ конфренсияро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мавзуи конфронси мазкур муҳим ва барои рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамиятнок аст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон таъкид карданд, мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбарсозӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, дар замони гузариш ба сохти бозаргонӣ сиёсати андоз низ рушду такомул ёфта, вобаста ба ҳолатҳои воқеӣ чанд маротиба Кодекси андоз низ тағйир ёфт. Бо мақсади рушди истеҳсолоти молу маҳсулоти ватанӣ имтиёзҳои андоз низ ҷорӣ гашта, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сода кардани низоми андозбандӣ тадбирҳо меандешад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳои соҳаи андоз ва андозбандӣ саҳм гузошта, имрӯзҳо хатмкунандагони он дар сохтору шуъбаҳои мақомоти андоз софдилона ва садоқатмандона кору фаъолият менамоянд. Дар таҳияи Кодекси нав, ки аз 1 январи соли ҷорӣ амал мекунад, устодони донишгоҳ ҳамчун коршинос иштирок намуданд, ки ин тадбир низ аз сатҳи малакаи баланди омӯзгорони мо далолат медиҳад, - гуфт Сафаров Б.
Сипас, бо суханони шодбошӣ муовини раиси Кумитаи андоз Н. Маликзода баромад карда, дар бораи ташаккулёбии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ маълумоти пурра дод.
Мавсуф зина ба зина аз таърихи қабули кодексҳои андоз дар солҳои гуногун, такмили он, сиёсати андоз, воситаҳои андозбандӣ ва дигар унсурҳои ин соҳаро мушаххасан таҳлил ва баррасӣ намуд.
Дар идома намояндаи Вазорати молия А. Асадуллозода баромад карда, мукаммалгардонии низоми андозро заминаи рушди иқтисодии кишвар дониста, қабули Кодекси андозро дар таҳрири нав тадбири саривақтӣ ва муҳим ҳисобида, онро барои таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар муфид маънидод кард. Дар идома ба таври онлайнӣ Аристархова М.К., д.и.и., профессори кафедраи молия, технологияҳои баҳисобгирӣ ва андозҳои Донишгоҳи молияи Федератсия Россия дар мавзуи «Мукаммалгардонии низоми андоз дар шароити рушди иқтисодиёт» баромад карда, дар бораи таҷрибаи Федератсияи Россия дар самти такмили низоми андоз, воситаҳои таъсиррасон ва омилҳои рушд ва дигар ҷанбаҳои ин низомро таҳлил кард. Мавсуф истифодаи ин таҷрибаҳоро дар системаи андози ҷумҳурии мо муҳим дониста, барои идома ҳамкориҳо дар самти таҳияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иштироки олимони донишгоҳро дар конфронсҳои байналмилалии ҷониби дигар натиҷаовар ва муҳим донист.
Сипас Н. Назирзода, сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз дар мавзуи «Баъзе муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав, рушди маъмурикунонии андоз ва хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон» баромад карда, кодекси навро пурра таҳлил ва бартарияту тағйироти онро шарҳ дод.
Тавре гуфта шуд, мақсади қабули ин санади муҳим дар ҷалби сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини устувори воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ; баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии мамлакат, таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар тавассути ташкили фазои муносиб барои мақсадҳои андозбандӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва монанди инҳо мебошад.
Н. Назирзода қабули Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025-ро муҳим арзёбӣ карда, онро барои рушди ин самт, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, рушди системаи автоматикунонидашудаи маъмурикунонии андоз, ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ байни андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ; беҳтар намудани сифати фаъолияти мақомоти андоз ва баланд бардоштани интизоми андозсупории аҳолӣ мусоидаткунанда номид.
Дар охир аз ҷониби донишгоҳ ба муовини раиси Кумитаи андоз Маликзода Нарзулло Саймиддин ва дигар кормандони мақомоти андоз барои густариши муносибатҳо бо донишгоҳ бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд ва онро дар вазъияти тантанавӣ супориданд. Дар баробари ин, аз ҷониби Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон ва ҶДММ «Мегаполис» ва ҶДММ «Нексоз» ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз ба роҳбарияти кумита Сипоснома ва гулдастаҳо тақдим гардид.
Аз ҷониби Кумитаи андоз низ ба роҳбарияти донишгоҳ барои омодасозии мутахассисони соҳаи андоз ва андозбандӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ байни баромадкунандагон ва ҳозирин музокира ва суолу ҷавобҳо баргузор гардид. Пас аз нисфирӯзӣ кор дар бахш идома ёфта, дар он зиёда аз 60 маърузаи илмӣ пешниҳод гардид, ки масъалаҳои ташаккулёбии низоми андози миллӣ; нақш ва мавқеи андозҳо дар қисми даромади буҷети давлатӣ; маъмурикунонии андоз дар шароити иқтисодиёти рушдёбанда; мавқеъ ва аҳамияти имтиёзҳои андоз дар ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ; имконияти истифодаи таҷрибаи низоми андози давлатҳои пешрафта дар низоми андози миллӣ; муаммоҳои рушди низоми андози миллӣ ва роҳҳои ҳалли он баррасӣ гардиданд, ки аз натиҷаҳои он ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол хоҳад шуд.
Машҳура Абдуллоева