Хабарҳо
Баргузории маҳфили “зеҳн” дар факултет
Тибқи ҷадвали баргузории зермаҳфили “Зеҳн” санаи 10-уми майи соли равон дар назди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ бо ҷалби мутахассис, директори ҶДММ “PKF Tajikistan” Асомиддин Комилов дар мавзуи “Муаммоҳои рушди ҳисобдорӣ ва аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Дар кори он ҳайати устодону донишҷӯёни ихтисосҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодиёти таҳлилӣ, танзими иқтисодиёти давлатии миллӣ, аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор иштирок карданд.
Дар баромади худ А.Комилов доир ба мавзуи баррасишуда ибрози андеша намуда, баъзе проблемаҳои ҳисобдорӣ ва аудитро илман асоснок ва рушди баҳисобгирии муҳосибиро бе донистани техникаю технологияи муосир ва таҳияи шаклҳои муосири ҳисоботи молиявӣ, аз ҷумла тавозуни муҳосибӣ дар шакли нави автоматикунонии хоҷагии корхонаҳо имконнопазир донист.
Ғайр аз ин, мавсуф қайд намуд, ки ҷараёнгирии рушди танзими қонунгузорӣ ва меъёрии баҳисобгирии муҳосибӣ тағйироти назаррасро ба амал оварда, пеш аз ҳама, методологияи баҳисобгириро фаро мегирад. Ҳадафи рушди минбаъдаи баҳисобгирии муҳосибии молиявӣ ин тақвият додани паҳлуҳои он дар раванди гузарондани низоми миллии баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи талаботи иқтисоди бозорӣ бо истифодаи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) мебошад. Дар ин раванд усулҳои нави арзёбии дороӣ ва уҳдадориҳо, аломатҳои тахассусӣ ва таснифотии намудҳои алоҳидаи моликият ҷорӣ гардидаанд. Бар замми ин, як қатор қоида ва методикаҳои баҳисобгирӣ аз нав дида баромада шуда, онҳо категорияҳои нав ба нави эътибор гирифтани ҷараёни баҳисобгирии муҳосибиро ба амал меоранд, ки бевосита аз мазмун ва мундариҷаи стандартҳои ҷаҳонӣ бар меоянд.
Ҳамин тавр, зермаҳфили “Зеҳн” бо назардошти хулосабарорӣ аз ҷониби баромадкунанда ва саволу ҷавоб дар робита бо устодон ва донишҷӯён хеле таъсирбахш ҳусни анҷом пазируфт.
Тағоймурод Эшзода