Хабарҳо
Баррасии моҳияти сиёсати давлатии ҷавонон
Тибқи ҷадвали баргузории дарсҳои сиёсию тарбиявӣ, доир ба мавзуъҳои мубрами ҷомеа, бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ 11-уми майи соли равон бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбиев ва муовини сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи дастгоҳи марказии ин кумита Давлат Сӯфизода, устодон ва донишҷӯёни курси якуми факултети иқтисод ва бизнес вохўрӣ баргузор гардид.
Дар оѓоз С. Чоршанбиев дар мавзуи «Моҳияти сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолнокии онҳо дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба стратегияи миллии ҷавонон, таваҷҷуҳи ҷавонон ба созандагии ҷомеа, фаъолияти волонтёрии онҳо дар замони муосир, квотаҳои президентӣ, донистани забонҳои хориҷӣ ва омӯхтани илму ҳунарҳои ба талаботи давру замон ҷавобгӯ суханронӣ намуд.
Номбурда, аз ҷумла қайд кард, ки имрӯзҳо муваффақиятҳои ҷавонон, бахусус дар соҳаи варзиш, зиёд аст. Ҷавонони мо бо матонат миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Агар соли 2021 400 нафар донишҷӯ аз квотаи президентӣ бархӯрдор шуда бошанд, имрӯз ин шумора ба 3000 нафар ва маблағи идрорпулии донишҷӯён аз 460 сомонӣ ба 500 сомонӣ расонида шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон умедҳои зиёд доранд ва ояндаи Тоҷикистонро аз ҷавонон вобаста медонанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки зери дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат барои ояндаи дурахшони кишвари худ камари ҳиммат баста, ба хизмати халқу диёр тайёр бошем.
Мусаллам аст, ки баргузории чунин чорабинӣ ва дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумат, идораву ташкилотҳо дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, он барои тақвияти худшиносии донишҷӯён, пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуб замина мегузорад.
Тағоймурод Эшзода