Хабарҳо
Шартнома бо ташкилоти суғуртавии БИМА ба имзо расид
Суғурта ҷузъи ҷудонашавандаи молия ба ҳисоб рафта, шакли махсуси соҳибкории молиявӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ нақши суғурта рӯз то рӯз афзуда, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои минбаъд беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ алоқамандии байни амалия ва назария хеле зарур аст. Бинобар ин, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Ба ин мақсад, санаи 11-уми майи соли равон шартномаи ҳамкориҳои дутарафа байни ДДМИТ ва ҶДММ ташкилоти суғуртавии “БИМА” бо иштироки ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ва директори маъмурии ин ташкилот С. Ҳайдаров баста шуд.
- Суғурта ҳамон вақт рушд мекунад, ки агар талаботи ҷомеа ба ин соҳа зиёд бошад ва назорати давлатӣ аз болои фаъолияти ширкатҳои суғуртакунанда ва суғурташаванда дар сатҳи баланд қарор дошта бошад. Назорат ба он хотир аст, ки оё маблағи ҷуброн пурра ба дасти зарардида мерасад ё не?! Вақте ки зарар пурра бартараф мешавад, одамон ба суғуртакунӣ ҳавасманд мешаванд ва ба суғурта боварӣ ҳосил карда, молу амволашонро суғурта менамоянд, - иброз дошт ректори донишгоҳ.
Зимни бастани шартнома ҷонибҳо онро барои рушди ҳамкориҳо, тақвияти назария бо амалия, омодасозии мутахассисон ва ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб намудани донишҷӯён муҳим донистанд.
Тағоймурод Эшзода