Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пойдории сулҳу ваҳдати комил

Пойдории сулҳу ваҳдати комил

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён санаи 12-уми майи соли равон дар донишгоҳ дарси сиёсӣ-тарбиявии сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода бо донишҷӯёни факултети молия ва қарз баргузор гардид. 
Дар ибтидо, А.Давлатзода иброз намуд, ки тавре аз таърихи гузаштаи кишвар огаҳӣ дорем, дар он солҳо вазъи ноороми сиёсии ҷумҳурӣ оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ овард ва шодиву хушҳолии миллати тоҷикро ба ғаму андуҳ ва мусибату мотам бадал намуд. 
Ба андешаи ӯ, имрӯз танҳо дар сурати пойдории сулҳу ваҳдати комил ва якдигарфаҳмӣ Истиқлоли мо побарҷо мемонад. Он имрӯз ҳамчун пойдевор ба таҳким ва ташаккули адабиёти навин хизмат менамояд ва ба пайдо шудани асарҳои оламшумул замина мегузорад. 
- Аз ин ҷост, ки ҷавонон дар бораи шукуфоии ин арзишҳо мубориз бошанд ва аз пайи иҷрои ин вазифаи муқаддас ва рисолати худ дар назди башарият худро масъул ҳисобанд. Рӯ ба илм овардану ҳисси хештаншиносии миллиро дар худ бедор кардан аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими ҷавонони саодатманди диёр маҳсуб меёбанд, - гуфт А. Давлатзода. 
Фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмию озмунҳои фаннӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибистеъдодҳо, навҷӯию навоварӣ, ихтироъкориву кашшофӣ, ташаккули неруи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, илмӣ, муҳайё сохтани фазои мусоиди иҷтимоӣ ва амсоли инҳо тадбирҳое мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат дар назди ҷавонон гузоштааст. 


Тағоймурод Эшзода