Хабарҳо
Густариши робитаҳои илмӣ
13 майи соли равон дар ДДМИТ курси махсуси сардори Маркази сиёсати андози Институти илмӣ-тадқиқотии молияи назди Вазорати молияи Федератсияи Россия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Миляуша Пинская Рашитовна дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами сиёсати андоз дар шароити рақобати андозӣ» доир гардид.
Дар он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ф. Қодиров, директори пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» Х. Ҷумабоев, декани факултети иқтисод ва бизнес Б. Сатторов, устодони донишгоҳ ва донишҷӯёни гурӯҳҳои махсуси ихтисосҳои молия, андоз ва андозбандӣ иштирок намуданд.
Аз тарафи профессор вобаста ба маъалаҳои рақобати андозӣ ҳамчун меъёри институтсионалии муносибатҳои андозӣ, рақобати андозӣ барои даромад аз моликияти зеҳнӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ сухан ронда шуд.
Профессор таҷрибаи ҳавасмандгардонии давлатҳои хориҷӣ барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ва технологияҳои информатсиониро дар мисоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Давлати Исроил, Ҷумҳурии Сербия фаҳмонид.
Дар охир саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифта, ба профессор миннатдории роҳбарияти донишгоҳ расонида шуд.
Тағоймурод Эшзода