Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Суҳбати судманд дар доираи моҳвораи ҷавонон

Суҳбати судманд дар доираи моҳвораи ҷавонон

Санаи 16 майи соли равон дар доираи моҳвораи ҷавонон ба ифтихори таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои боз» - ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид. Ба ДДМИТ меҳмонон аз сохторҳои гуногун, аз ҷумла Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Меҳмононро роҳбарияти донишгоҳ бо сарварии ректори он Ҳакимбек Абдуалимзода пешвоз гирифта, онҳоро бо дастовардҳои илмӣ, инноватсионӣ, навоварӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва варзишии устодону донишҷӯён шинос намуданд. Дар ҳар гӯша дастовардҳо ба намоиш гузошта шуда буданд ва масъулин онро ба меҳмонон муаррифӣ мекарданд. 
Нахуст меҳмонон аз озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии «Иқтисодиёти рақамӣ», ки бо таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионӣ ва дастгоҳҳои сабти видео ва аудиолексияҳо муҷаҳҳаз мебошад, дидан карда, ба он баҳои баланд доданд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Сипас чорабинии сиёсию фарҳангӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ идома ёфт. Онро бо сухани ифтитоҳӣ ректор Ҳакимбек Абдуалимзода кушода, меҳмононро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфт ва дар бораи сиёсати ҷавонон, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат роҳандозӣ гардидааст, изҳори андеша карда, ҷавононро ояндаи миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа номид. Мавсуф дар ин зимн, аз дастовардҳои солҳои охири донишгоҳ ёдовар шуда, онҳоро дар пешрафти илму техника ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Ректор аз рисолаҳои илмии дифоъшуда, ғолибият дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, шумораи гирандагони стипендияҳои президентӣ, иштироки донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дигар корҳои анҷомёфта ёдовар шуда, онро натиҷаи фаъолияти пурсамари аҳли коллективи меҳнатӣ ва иттиҳоду сарҷамъии он маънидод кард. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар идома Абдулло Раҳмонзода баромад карда, ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон муборакбод гуфта, таҷлили онро далели таваҷҷуҳу эътибори Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллат қарор гирифтани ҷавонон донист. Албатта, ин дастгирию боварӣ ҷавононро водор месозад, ки дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва зиракии сиёсӣ ба камол расида, ҳамеша дар пайи такмили сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва малакаи хеш бошанд. 
Ӯ аз сиёсати ҷавонон ва иштироки онҳо дар раванди давлатсозӣ ва рушди кишвар истода гузашт ва онро муҳим донист. Тавре Раиси Кумита иброз дошт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба масъалаи ҷавонон эътибору таваҷҷуҳи хосса доранд ва ҷавононро ҳамеша дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд. 
Ба гуфти А.Раҳмонзода, дар давоми соҳибистиқлолӣ ба соҳаи варзиш низ аҳаммияти бештар дода шуд ва дар ин марҳила зиёда аз 9,5 ҳазор иншоотҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ин барои солимии ҷомеа бетаъсир намемонад. 
Мавсуф дар бораи вазифаҳои асосии ҷавонон истода гузашта, онро дар дарки озодию истиқлоли давлатӣ, ҳифзи онҳо, ватандӯстӣ ва ба арзишҳои миллӣ расидан, хондан ва шинохтани рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти миллӣ маънидод кард ва иҷрои ин вазифаҳоро барои ҳар як ҷавони баору номус муҳим донист. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар давоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанде аз кормандону донишҷӯёни фаъол – Абдуалимзода Ҳ., Мирзоева Е., Икромов Н., Аламшоева М., Ҳамроев М., Самардини Ш., Шодиев К., Саидов Р., Абдураҳмони Б., Мирзоев С., Мирзоқурбонов Н., Зубайдов Ҷ., Сафаров А., Бобомуродов П., Ҳисайнова М., Фатҳиддинзода Қ., Диловари М., Одинаев А., Иззатуллоев М. барои ҳамкории мутақобилан судманд дар мусоидат ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаи насли ояндасози кишвар дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар фазои тантанавӣ Сипоснома супорида шуд. 
Аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ низ ба роҳбарияти Кумита туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. 
Баъдан, аз ҷониби дастаи созию овозии «Ҷавонӣ»-и донишгоҳ бо роҳбарии Ҷурамуроди Муҳаммадназар барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеърхонӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти ҷавонон намоиш дода шуд, ки басо ҷолибу диданӣ буд. 


Машҳура Абдуллоева