Хабарҳо
Пешдифои кори илмӣ
Боз як унвонҷӯй - Манижа Исайнова, ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ санаи 12-уми майи соли равон зери роҳбарии дотсент, мудири кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Баҳром Тағоев дар мавзуи «Ҷанбаҳои минтақавии таъмини амнияти озуқаворӣ (дар мисоли ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)» муҳокимаи факултетиро гузашт.
Қайд кардан бамаврид аст, ки мавзуи мазкур дар шароити имрӯза актуалӣ буда, яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад ва нақши худро дар сатҳи минтақа рӯз аз рӯз гузошта истодааст. Дар шароити таъсири ногувори пандемия (СOVID-19), нооромиҳои сиёсӣ дар баъзе кишварҳои ИДМ (ба монанди Ҷумҳуриҳои Украина ва Қазоқистон), давом ёфтани буҳронҳои иқтисодию сиёсӣ рӯй овардан ба чунин масъалаҳо барои пажӯҳишгарон саривақтист.
Мувофиқи талаботи нави Комисияи олии аттестатсионӣ, 2 муқарризи холис: муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Ф.Қодиров ва аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бошад, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Р.Аҳмадов тақризҳои худро барои кори илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар раванди баргузории пешдифои факултетӣ устодон - профессор Ҳ.Фақиров, дотсентон Б. Сафаров ва Ф. Қодиров, Б. Сатторов, аъзоёни Шӯрои олимон ва устодони факултет иштирок намуданд.
Унвонҷӯ вобаста ба мавзуи илмии интихобнамудааш баромад карда, ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои қаноатбахш дод. Дар идома баромадкунандагон аз муҳиммияти мавзуъ ёдовар шуда, аъзоёни Шӯрои олимон кори илмӣ, инчунин баромади ассистентро ҷонибдорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки дар муҳлати муайяншуда баъд аз ислоҳи эроди муқарризон кори илмии М.Исайнова ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод мегардад.
Тағоймурод Эшзода