Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Замин моликияти давлат мебошад

Замин моликияти давлат мебошад

Тоҷикистон кишвари камзамин, кӯҳсор ва агросаноатӣ буда, 93 фоизи масоҳати ҷумҳуриро кӯҳҳо ишғол мекунанд. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. 
Ба ҳамин маънӣ, санаи 14-уми майи соли равон дарси кушоди Шавкат Исмоилов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Асосҳои конститутсионии ислоҳоти замин» баргузор гардид, ки асоси меъёрӣ-ҳуқуқии онро моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медод. 
Дар дарс қайд гардид, ки тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳанд ва мутобиқи таъйиноти мақсаднок ба гурӯҳҳои зайл тақсим мешаванд: заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот), заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа, ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреативӣ, таърихию маданӣ, заминҳои фонди давлатии ҷангал, заминҳои фонди давлатии об, захираи давлатӣ ва дигар, - гуфт дар баромадаш профессор Ш.Исмоилов. 
Дар музокираи дарс А.Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, Ҷ.Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ ва дигар омӯзгорон ба сухан баромада, дарси кушоди устод Ш.Исмоиловро баҳои баланд доданд ва махсус зикр карданд, ки баргузории чунин дарсҳо барои тақвияти ҷаҳонбинӣ ва донишҳои зеҳнию ҳуқуқии донишҷӯён заминаи муфид фароҳам меоранд. 


Тағоймурод Эшзода