Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ

Рӯзҳои 13-14 майи соли ҷорӣ 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва “Солҳои рушди саноат” 2022-2026 баргузор гардид. Дар Озмун ҳудуди 200 нафар иштирокчӣ ва беш аз 250 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд. 
Дар озмуни мазкур донишҷӯён аз рӯйи 3 равия: математика, технологияи иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он фаъолона ширкат варзиданд. 
Боиси хушнудист, ки ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон - донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Шоҳрух Насриддинов аз фанни географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он ва донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Некбахт Мирсаидов аз фанни технологияи иттилоотӣ иштирок карда, ҷойҳои намоён ишғол намуданд ва бо диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. 


Евгения Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ