Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Зарурати таълими фанни педагогика дар зинаи магистратура

Зарурати таълими фанни педагогика дар зинаи магистратура

Санаи 17 майи соли 2022, тибқи Нақшаи дарсҳои кушоди омӯзгорони ДДМИТ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022, лексияи кушоди дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саъдулло Носиров аз фанни педагогикаи мактаби олӣ дар курсҳои 1-уми ихтисосҳои молия ва қарз, кори бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудити зинаи магистратура баргузор гардид, ки дар он Муллоҷонов А.К., сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, Насриддинов Х.Н., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Саидзода Д.С., сармутахассиси шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ва дигар устодони кафедраҳо иштирок намуданд. 
Устод Носиров С.Ш. дар мавзуи «Педагогика ҳамчун илм» тариқи слайд бо истифодаи таълими проблемавӣ лексия хонда, оид ба педагогикаи мактаби олӣ, объект, предмет, вазифаҳо, методҳои таҳқиқотӣ, соҳаҳои педагогика ва алоқаи он бо дигар илмҳо ибрози андеша кард. Назари олимонро дар бораи он ки педагогикаро ҳамчун илм, санъат ва таҷриба ё амал эътироф менамоянд, ишора намуда, қайд кард, ки илм, амал (таҷриба) ва санъат ин яклухтӣ дар он таҷассум меёбад, ки якумӣ бе дуюмӣ намешавад ва дуюмӣ бе сеюмӣ нахоҳад буд. Маҳз ҳамин се самт (бузургӣ) яклухтии педагогикаро ташкил медиҳанд. Ин аст, ки педагогикаро ба илми амалӣ, ё ба ифодаи дигар, ба илми таҷрибавӣ шомил месозанд. 
dkn401.jpg

Илова бар ин, Носиров С.Ш. ҳангоми баёни мавзуъ роҷеъ ба хусусиятҳои хоси педагогика ҳамчун илм андеша ронда, диққати ҳозиринро ба он ки педагогика ба се пояи асосӣ такя мекунад: мақсади омӯзиш (барои чӣ биомӯзонем?), мазмуни омӯзиш (чиро биомӯзонем?) ва шаклу усулҳои омӯзиш (чӣ гуна биомӯзонем?) ҷалб намуд. 
Дар ҷараёни дарс дар бораи таълим, тарбия, инкишоф, ки асоситарин мафҳумҳои педагогика мебошанд, сухан рафт ва барои самараноку босифат шудани корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ миёни магистрантон ва устодон мубоҳисаи солим сурат гирифт. 
Дар охири лексияи кушод ҳозирин, аз ҷумла устодони кафедраҳо назари хешро оид ба мушоҳидаи дарс ва таҳлили он иброз намуда, ташкил ва баргузории чунин дарсҳоро, махсусан, барои омӯзгорони навкору камтаҷриба зарур ва муфид арзёбӣ карданд.