Хабарҳо
Баргузории олимпиадаи байналмилалӣ
Шуруъ аз соли 2021 дар самти муқовимат ба амалигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм олимпиадаи байналмилалӣ доир ба бехатарии молиявӣ миёни донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳҳои узви Донишкадаи шабакавии байналмилалӣ, дар ҳудуди федералии «Сириус»-и шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор карда мешавад.
Дар олимпиадаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз кишварҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва кишварҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Ҳиндустон, Хитой ва Африқои Ҷанубӣ) ширкат меварзанд.
Барои иштирок дар олимпиадаи имсола ба се муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон роҳхат дода шудааст.
Санаи 18 майи соли равон дар толори таълимии ДДМИТ даври аввали олимпиада миёни донишҷӯёни факултетҳо баргузор гардид. Дар он 62 нафар аз рӯйи 4 равия: иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ ва технологияи информатсионӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати комиссия тибқи тартиби муқарраргардидаи олимпиада варақаҳои донишҷӯёнро аз санҷиш гузаронида, 12 нафарро ба даври минбаъда (суҳбат) пешбарӣ карданд.
Ғолибон дар рӯзҳои наздик муайян карда мешаванд.
Тағоймурод Эшзода