Хабарҳо
Ҷараёни аттестатсияи хатм
Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №192 аз 15.02.2022, ҷиҳати муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯёни хатмкунанда 16 нафар раисони комиссияи аттестатсионии хатм (КАХ) интихоб шудаанд. Айни замон дар шаш факултети ДДМИТ супоридани аттестатсияи хатм ҷараён дошта, донишҷӯён тариқи шифоҳӣ ва дар марказҳои компютерӣ тариқи тестӣ аз фанҳои тадрисгирифтаашон имтиҳон супорида истодаанд.
Раисони КАХ намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе мебошанд.
Бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани аттестатсияи хатми соли таҳсили 2021-2022, тибқи фармоиши ректори ДДМИТ, аз ҳисоби муовинони ректор, кормандони раёсати таълим ва маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ ситоди донишгоҳӣ таъсис дода шудааст. Аъзои ситод вазифадоранд, ки вазъи аз тарафи кормандони маркази тестӣ омода намудани варақаҳои тестӣ, сари вақт, дуруст ва тибқи талаботи муқарраргардида оғоз намудани имтиҳонҳоро назорат намоянд.
Инчунин, оид ба тасдиқи ҳайат ва ҷадвали кории КАХ фармоиши ректори донишгоҳ аз 25-уми апрели соли 2022 таҳти №875/д-и ба имзо расидааст.
Ин фармоиш ба талаботи “Низомномаи аттестатсияи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раисони комиссияи аттестатсияи хатм дар ДДМТТ” барои соли таҳсили 2021-2022, инчунин, бо мақсади ба низом даровардани тартиби баргузории аттестатсияи хатм дар зинаи бакалавр ва магистрӣ барои соли таҳсили 2021-2022, санҷиши омодагии назариявию амалӣ ва касбии хатмкунандагон ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Н. Ҷобиров