Хабарҳо
Ҷавонон неруи созанда ва иқтидори давлату ҷомеа
Санаи 20-уми майи соли равон дар донишгоҳ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи донишҷӯён семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон» баргузор гардид. Тибқи барномаи семинар дар он бо суханони ифтитоҳӣ намояндаи Кумитаи мазкур Самиаллоҳи Шерализод баромад намуда, саҳми ҷавононро дар пешрафту шукуфоии давлат назаррас маънидод намуда, қайд намуд, ки ҷавонон дар сиёсати давлат дар авлавият қарор дорад ва тамоми шароитҳо барои донишандӯзӣ ва фаъолияти пурсамари эшон муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин дар семинар намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷасур Акбарализода дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар рушди давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Гулафзо Пирова дар мавзуи «Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Пешвои миллат» ва Азиза Бурҳонова дар мавзуи «Роль молодежи в современном обществе: условия развития, интересы и увлечения», донишҷӯёни ДМТ Муҳаммад Қосимӣ дар мавзуи «Инициативы молодежи в годы государственной независимости» ва Лутфиддин Азамзода дар мавзуи «Сиёсати давлатии ҷавонон» баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад ва дар он ба ҷавонон таваҷҷуҳ бештар аст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёмашон иброз медоранд, ки ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти давлату ҷомеа ва ояндаи миллат мебошанд.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонро мебояд, ки намунаи нангу номуси ватандорӣ бошанд, мардуми кишварро ба ободии сарзамини аҷдодӣ даъват намоянд, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои давлату ҷамъият гирифта, ҳамеша ҳушёру зирак, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳиби илму дониш бошанд.
Дар охир барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мусоидат ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба панҷ нафар ифтихорномаҳо супорида шуд.
Тағоймурод Эшзода