Хабарҳо
Ҳавасмандсозии ғолибони озмунҳо
Бахшида ба Рӯзи Ҷавонон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ғолибони олимпиадаҳои донишгоҳӣ ва озмунҳои даври донишгоҳии «Илм фуруғи маърифат» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҷамъомади махсус бо ифтихорномаҳои раёсат мукофотонида шуданд.
Дар маҳфил Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм баромад карда, ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон табрик карда, иброз дошт, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аз неруи зеҳнии ҷавонон бояд истифода бурд.
Илм яке аз самтҳои меҳварии фаъолияти донишгоҳ маҳсуб мегардад ва нишондиҳандаҳои баландтарини дастовардҳои илмӣ ва ғолибият дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ далолат аз сатҳи баланди сифати таҳсилот аст. Дастаи олимпии донишгоҳ низ тайи чанд сол аст, ки бо дастовардҳои баландтарини худ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ донишгоҳро муаррифӣ менамоянд ва мо ният дорем, ки имсол низ ин мақом ва нишондиҳанда устувор мемонад, гуфт Сафаров Б.
Мавсуф дар бораи ҳавасмандгардонии иштирокчиёни олимпиадаҳо гуфта гузашта, таъкид сохт, ки роҳбарияти донишгоҳ ҳамеша толибони илмро дастгирӣ ва ҳавасманд мегардонанд ва барои омодагии беҳтар шароити мусоид фароҳам месозад.
Дар идома дотсентон Улуғов О., Саидов Б. баромад карда, дар бораи баъзе мушкилоти пешомада дар омодасозии донишҷӯён ба олимпиадаҳо ибрози андеша намуданд.
Ҳумайнӣ Носиров, сардори дастаи олимпии донишгоҳ баромад карда, барои қадрдонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои омодашавӣ ба озмунҳо ба раёсати донишгоҳ ва дигар масъулин изҳори сипос намуда, изҳорӣ боварӣ кард, ки дар ин озмунҳо бо сари баланд баромад намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ хоҳанд шуд.
Дар ҷамъбаст ба ғолибони олимпиадаи фаннии донишгоҳӣ ва озмунҳои «Илм фуруғи маърифат» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», дар умум 25 нафар Ифтихорномаи раёсати илм ва инноватсия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
М. Абдуллоева