Хабарҳо
«Шикасти фитна» фаъолияти хоинонро нишон дод
Санаи 28-уми майи соли равон раёсати донишгоҳ, устодону кормандон ва донишҷӯён дар толори таълимии донишгоҳ ҷамъ омада, филми мустанади «Шикасти фитна»-ро тамошо карданд, ки фарогири мавзуи хиёнаткориҳои тазоҳуротчиёни воқеаҳои моҳи майи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБмебошад. Дар филми мазкур бо далелҳои шайъӣ амалҳои хиёнаткоронаи афроди фурӯхташуда нишон дода шуданд. Саркардаҳо ва ташаббускорони ошӯбҳои баамаломада аз кардаи худ пушаймонанд ва аз мардуми шаҳри Хоруғ ва дигар навоҳии Бадахшон бахшиш мепурсанд, ки он дигар суд надорад. Хоинонро ҳеҷ кас намебахшад.
Пас аз тамошои филми мазкур, ки басо таъсирбахш буд, мақсади намоиши филми мазкурро муаррифии хоинони миллат маънидод карданд.
Гуфта шуд, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки хоин ва душмани миллатро шиносем, ба ваъдаҳои онҳо дода нашавем. Имрӯзҳо хоинони миллат мехоҳанд ба сулҳу суботи кишвар рахна зананд ва дастовардҳои кишварро нодида мегиранд. Ҳол он ки имрӯзҳо дар кишвари азизи мо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо дида мешаванд, ки дар саргаҳи онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд ва маҳз бо талошҳову раҳнамоии Сарвари давлат мо ба ин натиҷаҳо расидаем.
Бинобар ин, мо бояд ба қадри ин дастовардҳо бирасем ва барои тавсеаи онҳо бикӯшем. Барои ин махсусан ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва дар мавқеъ устувор бошанд, аз Ватани худ дифоъ кунанд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 27 май устодону донишҷӯёни факултетҳои муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва иқтисод ва бизнес низ филми мазкурро тамошо карданд ва барои худ хулосаҳо бардоштанд.