Хабарҳо
Шанбегӣ баҳри вусъати корҳои ободонӣ
Имрӯз, 28-уми майи соли ҷорӣ баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо ва таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша- чорабиниҳо оид ба баргузории аксияҳои ободиву созандагӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани шанбегиҳо ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи гузаргоҳҳои донишгоҳ мебошад. Дар рафти гузаронидани шанбегӣ ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳо мулоим карда шуданд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати хоҷагидории донишгоҳ Мирзошариф Мирзоолимов дар рафти гузаронидани шанбегӣ гирду атрофи майдонҳо рӯбучин, бехи ниҳолу буттаю дарахтон нарм карда шуданд. Ҳамчунин ба 70 дарахти серена, 34 арча, 3000 гули садбарг ва зиёда аз 16 000 гули мавсимӣ ғизоҳои иловагӣ дода шуданд Ҳар кас мехоҳад симои донишгоҳро дар ҳолати назаррабо ва дилкаш бинад. Ҳамин аст, ки мо масъулияти бештареро ҳис мекунем. Мо барои кормандонамон шароити хуби корӣ муҳайё карда, ҳамеша онҳоро кумаку дастгирӣ менамоем. Ҳамагонро зарур аст ба қадру заҳмати эшон бирасанд, меҳнати онҳоро қадр намоянд, гуфт дар охир М.Мирзоолимов.
Тағоймурод Эшзода