Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии аҳамияти баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ

Баррасии аҳамияти баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ

Санаи 28-уми майи соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ тибқи нақшаи кории маҳфили илмии доимоамалкунандаи раёсати илм ва инноватсия таҳти унвони “Муҳаққиқони ҷавон” чорабинии илмӣ бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. 
Дар он ассистенти кафедраи аудит ва ревизия Анис Оев дар мавзуи “Аҳамияти таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ дар шароити муосири низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карда, қайд намуд, ки иқтисодиёти имрӯзаи ҷаҳон бо як вижаи хоси худ дар ҳоли рушд қарор дошта, ба муҳити имрӯзаи он бисёр ҳодисаҳо, ҷангу мунозираҳо, буҳронҳо ва тағйироти олами моро иҳотакунанда таъсир мерасонанд. Марҳилаи кунунии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ бо такмил додани мафҳумҳои назариявӣ, афзоиши зиддиятҳо, пайдоиши мушкилоти нави ҷаҳонӣ ва тақвияти вобастагии ҳамаҷонибаи ҳамаи иштирокчиёни низоми иқтисодии ҷаҳонӣ тавсиф мешавад. Дар баробари ин солҳои охир мафҳумҳои ба монанди номуайянӣ ва хавф тамоми фаъолияти субъектони хоҷагидориро фаро гирифтааст, ки он моро водор мекунад, то дар раванди қабули қарорҳои идоракунӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати ба эътидол овардани чунин ҳолатҳо ҳамаҷониба чораҷӯӣ намоем. 
Бояд қайд кард, ки чорабинии илмӣ дар сатҳи хуб баргузор гардида, дар интиҳои он саволу ҷавобҳо сурат гирифт. Ҳамчунин дар музокира С. Маъдиев ва Ё.Тилабов фикру ақидаҳои худро оид ба мавзуи баррасишуда иброз намуданд. 
Дар охир аз ҷониби сардори раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева ба маърузачӣ тавсияву пешниҳодҳо баён карда шуд. 


Тағоймурод Эшзода