Хабарҳо
Муҳокимаи рисолаи докторӣ
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, бахусус ДДМИТ сафи олимон рӯз аз рӯз меафзояд, ки ин ҳама боиси ифтихору пайравӣ мебошад. Омӯзгорони донишгоҳ аз фармудаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд», рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар корҳои илмию таҳқиқотиашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Ҳамин буд, ки санаи 28-уми майи соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ ҷаласаи Шӯрои олимони факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он диссертатсияи доктории Эмомалӣ Шералиев дар мавзуи «Эколого-экономические аспекты повышения эффективности землепользования в сельском хозяйстве аридной зоны» (на материалах регионов Республики Таджикистан) таҳти роҳбарии мушовири илмӣ профессор В.Н. Краснощеков баррасӣ гардид.
Дар он муқарризон, профессорон Р.Қудратов, А. Мирсаидов, аъзоёни Шӯрои олимони факултет Ҳ. Фақиров, С.Мирсаидов ва дигар устодони донишгоҳ иштирок ва баромад намуданд.
Рисолаи доктории номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Эмомалӣ Шералиев аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимони факултет баррасӣ гардида, камбудию норасоиҳояш гуфта шуд ва онҳо ҷузъӣ дониста шуда, барои гузаштан ба зинаҳои навбатӣ тавсия дода шуд.
Тағоймурод Эшзода