Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Суҳбат барои тақвияти ҳушёрии сиёсии ҷавонон

Суҳбат барои тақвияти ҳушёрии сиёсии ҷавонон

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Вобаста ба ин мавзуъ санаи 30-юми майи соли ҷорӣ дар толори конфронсии донишгоҳ вохӯрии донишҷӯён бо кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Мирализода, полковники милитсия ва Баҳром Саидзода, подполковники милитсия баргузор гардид. 
Нахуст сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода баромад намуда, иброз дошт, ки ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст. 
mbk401.jpgПасон меҳмонон ҳангоми баромад дар бораи таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, иштироки ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳифз доштани арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ андешаронӣ намуда, аз вазъи феълии мамлакатҳои даргири сайёра мисолҳо оварда, ҷавононро барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ даъват намуданд. Ҳамчунин, баромадкунандагон дар бораи хатарзо будани пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, оқилона истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ, дурӣ ҷустан аз сомонаҳои ғайридавлатӣ, савдои одамон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва зӯровари дар оила, дар бораи гирифтани роҳи фолбинӣ ва тарғиботи ғайриқонунии динӣ бо ҳозирин суҳбат намуда, чандин моддаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба ҳозирин шарҳ доданд. 
Дар охир аз тарафи донишҷӯён атрофи масъалаҳои баррасишуда саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби меҳмонон ҷавобҳои қаноатбахш дода шуданд. 


Тағоймурод Эшзода