Хабарҳо
Ҷамъбасти озмуни «Китобхони беҳтарин»
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои муайян намудани китобхони беҳтарин дар байни устодон ва донишҷӯён тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 25.05.2022 таҳти рақами №43/и озмуни дохилидонишгоҳии «Китобхони беҳтарини ДДМИТ” баргузор карда шуд.
Озмун аз рӯи талаботи зерин, аз ҳама зиёдтар гирифтан ва мутолиа кардани китоб, дар муҳлати муайяншуда баргардонидани китоб, мутолиа намудани китобҳои бадеӣ, риояи Низомнома дар қоидаҳои гардиши китобхона, тозаву озода баргардонидани онҳо, содир накардани камбудиҳо дар самти китобхонаи илмӣ ва саволҳои интеллектуалӣ иборат буданд.
Дар озмун 32 донишҷӯ ва 4 нафар устод иштирок намуданд. Тибқи дастур аз тарафи аъзоёни кумитаи тадорукот ба довталабон саволҳо дода шуда, аз рӯи ҷавобҳо баҳогузорӣ ва ғолибон муайян карда шуданд.
Китобхони беҳтарини донишгоҳ Ҳумайнӣ Носиров, донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дониста шуд. Ҷои дуюмро Таманно Нурбекова, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва се ҷои сеюмро бошад, Лобар Дадабоева, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, Фирдавс Раҳимзода, донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иктисодӣ, Қобилҷон Ҳамидов донишҷӯи курси 3-юми ҳамин факултет ишғол намуданд. Довталабони дигар Абдурасул Раҳимзода, донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисод ва бизнес, Муҳаммад Раҳмонов, донишҷӯи курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Манучеҳр Зарипов, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва Ҷонибек Зубайдов устоди кафедраи молия ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Дар рӯзҳои наздик ғолибон бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории озмун тарғиби китобхонӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхонӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, дарёфт ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни лаёқатманд ва пешниҳоди донишҷӯёни фаъол ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад.
Тағоймурод Эшзода