Хабарҳо
3 нафар донишҷӯ ба олимпиадаи байналмилалӣ роҳ ёфтанд
Тавре иттилоъ дода будем, шуруъ аз соли 2021 дар самти муқовимат ба амалигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм олимпиадаи байналмилалӣ доир ба бехатарии молиявӣ миёни донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳҳои узви Донишкадаи шабакавии байналмилалӣ, дар ҳудуди федералии «Сириус»-и шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор карда мешавад.
Дар олимпиадаи мазкур муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз кишварҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва кишварҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Ҳиндустон, Хитой ва Африқои Ҷанубӣ) ширкат меварзанд.
Барои иштирок дар олимпиадаи имсола ба се муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон роҳхат дода шудааст.
Санаи 31 майи соли равон дар толори таълимии ДДМИТ даври дувуми олимпиада миёни донишҷӯёни факултетҳо баргузор гардид. Дар он 12 нафар аз рӯйи 4 равия: иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии молиявӣ, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ ва технологияи информатсионӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дониши иштирокчиёни озмунро олимони донишгоҳ ва мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон баҳогузорӣ намуда, голибонро муайян намуданд.
Ҳамин тавр, аз рӯи номинатсияи бехатарии молиявӣ Ҷурахонов Амирҷон ва Рабизода Маҳваш, донишҷӯёни курси 2-юми факултети молия ва қарз (роҳбари илмӣ муовини декан оид ба илми факултети молия ва қарз Зубайдов Ҷ.), аз рӯи номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ Мирсаидов Некбахт, донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои иттилоотӣ (роҳбари илмӣ дотсент Соҳибов Ф.) ғолиб омаданд ва ба даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ роҳ ёфтанд.
Ғолибон моҳи октябр ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар менамоянд ва дар олимпиада иштирок мекунанд.
Тағоймурод Эшзода