Хабарҳо
18 нафар ғолиби озмуни даври ноҳиявии “Илм-фуруғи маърифат”
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки устодону донишҷӯёни ДДМИТ аз дониши васеъ ва қобилияти техникии худ дарак доданд ва дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат” 18 нафар аз рӯи номинатсияҳои гуногун ғолиб омада, бо туҳфа ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд, ки ин дастоварди калонтарин аст ва дар таърихи донишгоҳ бори аввал аст.
Санаи 30 майи соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин озмун 24 нафар донишҷӯ ва 3 нафар устод ДДМИТ-ро муаррифӣ намуданд. Иштирокчиён аз рӯи ҳафт номинатсия: математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам сабқат намуданд ва нишондодҳои беҳтаринро соҳиб гардиданд.
Ҳамин тавр, дар даври ноҳиявӣ инҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, аз ҷумла, бо дипломи дараҷаи 1-ум – 4 нафар: Уроқова Маҳноза, донишҷӯи курси 1-уми факултети иқтисод ва бизнес (номинатсияи физика ва астрономия ҷойи 1-ум), Муқимов Ҷамолиддин, донишҷӯи курси 4-уми факултети молия ва қарз (аз номинатсияи география ҷойи 1-ум); Панявин Михаил, донишҷӯи курси 4-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ ҷойи 1-ум); Сайфуллоев Абдувалӣ, донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор (аз номинатсияи математика ҷойи 1-ум), бо дипломи дараҷаи 2-юм – 4 нафар: Раҳмонова Нозанин, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва бизнес (аз номинатсияи химия ҷойи 2-юм); Раҳимзода Фирдавс, донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ (аз номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи 2-юм); Носиров Ҳумайнӣ, донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ (аз номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи 2-юм); Собиров Оразшо, донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор (аз номинатсияи биология ҷойи 2-юм), бо дипломи дараҷаи 3-юм – 7 нафар: Давлатзода Аниса, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз (аз номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи 3-юм); Абдуллозода Ҷовид, донишҷӯи курси 1-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (аз номинатсияи физика ҷойи 3-юм); Мирсаидов Некбахт, донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (аз номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи 3-юм); Раҳмонов Муҳаммад, донишҷӯи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ (аз номинатсияи география ҷойи 3-юм); Анисҷони Сунатулло, донишҷӯи курси 1-уми факултети молия ва қарз (аз номинатсияи химия ҷойи 3-юм); Низомов Хушрӯз, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ (аз номинатсияи биология ҷойи 3-юм); Илҳомзода Ҳусейнҷон, донишҷӯи курси 1-уми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ (аз номинатсияи биология ҷойи 3-юм) сазовор гардиданд.
Аз байни устодон бо дипломи дараҷаи 2-юм -1 нафар: Неъматуллои Мирзошоҳ, ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт (номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ) ҷойи 2-юм ва бо дипломи дараҷаи 3-юм – 2 нафар: Акрамов Муҳаммад, н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ (номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ) ҷойи 3-юм, Амиров Муҳаммадшариф, ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ (номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ) ҷойи 3-юмро ишғол намуда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Боиси хушнудист, ки ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 нафар донишҷӯ ва 3 нафар устод роҳхат гирифтанд ва мо умед дорем, ки бо сарбаландӣ ин зинаҳоро ҳам мегузаранд ва ғолиб меоянд, номи донишгоҳро баланд мебардоранд.
Неъматуллои Мирзошоҳ,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ