Хабарҳо
Фаъолияти кураторон ҷоннок карда мешавад
Санаи 31-юми майи соли равон дар толори таълимии донишгоҳ маҷлиси Шурои кураторони донишгоҳ баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров, сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода, раиси Шурои кураторони донишгоҳ И.Назаров деканони факултетҳо, муовинони деканҳо оид ба илм ва кураторон иштирок намуданд.
Сараввал Б.Сафаров баромад намуда, доир ба назорати нақшаи инфиродии донишҷӯён, китобхонии онҳо суханронӣ намуда, қайд намуд, ки саҳми кураторон дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳ бениҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, кураторонро пайваста водор месозем, ки бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, сатҳи таълиму тарбияро бо ин васила баланд бардоранд. Ӯ, ҳамчунин, аз натиҷаи эссеи навишташуда аз тарафи донишҷӯён изҳори андеша намуда, ба кураторон маълумоти мухтасар дода, пешниҳод намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта ҷиҳати баррасӣ ва бартараф намудан дар ҳамҷоягӣ бо кураторони гурӯҳҳои академӣ ҷоннок карда шавад. Қайд карда шуд, ки ба донишҷӯён рӯйхати адабиёт тақсим карда шавад, то эшон дар вақти таътили тобистона бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд.
Дар охири ҷаласа А.Давлатзода оид ба масъалаи мазкур баромад намуда, изҳор дошт, ки китоби хуб устоди беминат аст, мо ба ҳифз кардани китобҳои кадимаву ҳозира илму фарҳанги Тоҷикистонро азиз медорем. Ҳар шахс аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлоқ омӯхта, барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебандад. Аз ин рӯ, бояд донишҷӯёни моро зарур аст ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқимати худро ба беҳудагардӣ сарф накарда, бештар китоб хонанд, то дар зиндагӣ душворие садди роҳи онҳо нагардад.
Дар фарҷом барои ҷоннок кардани фаъолияти кураторон тавсияҳои судманд дода шуд.
Тағоймурод Эшзод