Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муҳокимаи рисолаи номзадӣ

Муҳокимаи рисолаи номзадӣ

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  ҷиҳати баланд бардоштаи савияи касбии устодон ва соҳибунвон гардидани онҳо шароити мусоиди илмӣ фароҳам овардааст. Ин аст, ки санаи 31-уми майи соли равон муҳокимаи пешакии рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи молия Баҳромҷон Каримов дар мавзуи «Самаранокии истифодаи барномаҳои электронӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ дар мисоли TFMis/SGB.net» зери роҳбарии д.и.и. Ш.Хайрзода баргузор гардид, ки  дар он доираи васеи профессорону номзадон ва ҳайати кафедраи молия ва  менеҷмент иштирок карданд.
Рафти  муҳокимаро  мудири кафедраи молия  дотсент Хуршед Давлатов  раисӣ намуда, қайд кард, ки омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ яке аз ҳадафҳои стратегии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баргузор намудани чунин муҳокимаҳо барои баландбардории савияи касбии устодон ва таъмини донишгоҳ бо кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ мусоидаткунанда мебошад.
Ҳамзамон мавсуф оид ба мавзуи баррасишаванда иброз намуд, ки мавзуи илмии мазкур дар шароити муосир муҳим мебошад. Чуноне ки ба мо маълум аст, ҳоло тараққиёти дилхоҳ соҳаи иқтисодиётро бе таҳлили саривақтии иттилоот тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Баъдан Баҳромҷон Каримов  аз пажуҳишҳои анҷомдодааш нуктаҳои муҳимро мухтасар баён намуд. 
Дар қисмати саволу ҷавоб профессор Саидакмал Мирсаидов,  дотсенти кафедраи менеҷмент Саиднисо Қосимова,  дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Субҳоналӣ Мирзоев, муаллими калони кафедраи менеҷмент Замира Хуррамова иштирок карданд ва  диссертант ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дод. 
Муқарризон - С. Мирсаидов, профессори кафедраи менеҷмент, М. Кошонова, профессори кафедраи молия  ва  Х. Ҷураев дотсент назари хешро оид ба мубрамият, мазмуну мундариҷа ва ба талабот ҷавобгӯ будани рисолаи илмӣ баён намуда, дар ин баробар, як қатор камбудию норасоиҳои корро ошкор намуданд. Аз ҷониби муқарризон барои боз ҳам беҳтар намудани мазмуну мундариҷа ва аҳамиятнокии рисола маслиҳатҳои муфид дод шуд.
Дар охир ҷаласа қарор кард, ки диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 6D050900  – (молия)   пас аз рафъи эроду камбудиҳо ва ҷой додани пешниҳодҳои манзургардида аз ҷониби муқарризони расмӣ ва ғайрирасмӣ ба зинаи дигар дар вақти муқарраршуда пешкаш карда шавад.


Тағоймурод Эшзода