Хабарҳо
Саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и пойтахт Рӯзи байналмилалии муҳити зист қайд карда шуд. Ҳайати устодону донишҷӯёни ДДМИТ дар Фестивал-намоиши “Ҳифзи табиат”, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин макон доир гардид, ширкат варзида, дастоварҳои муассисаро муаррифӣ намуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, солимгардонии муҳити зист вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми мардум ва қарзи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”, ки 27 декабри соли 1993 қабул шудааст, фасли XII он пурра ба таълиму тарбия ва тадқиқоти илмии экологӣ бахшида шудааст.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраи фанҳои табиатшиносӣ амал мекунад, ки саҳми он дар марҳалаи ҳозираи рушди ҷомеа - таълиму тарбияи экологӣ, яке аз масъалаи муҳими тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Масъалаи экологӣ имрӯзҳо яке аз муҳимтарин мушкилоте мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки ба тарбия ва таълими фанни экология аҳамияти ҷиддӣ дода, донишҷӯёнро ба дӯст доштани табиат ҳидоят намоем, зеро таъсироти тағйирёбии иқлим метавонад ба саломатии одамон таъсири хатарнок расонад. Инсон, ки худ омили пешбарандаи иқтисодиёт мебошад, дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ва моддаҳои ифлоси табиӣ саломатии худро аз даст медиҳад, ки ин метавонад сабабҳои таназзул ёфтани тараққиёти иқтисодиёт гардад. Далели асосии ин гуфтаҳо, он аст, ки имрӯзҳо сатҳи дониши экологии шаҳрвандони сайёраи замин коста гардидааст. Моро мебояд омӯхтани донишҳои экологиро аз боғча ба кӯдакон оғоз намоем.
Бисёре аз педагогҳои барҷастаи гузашта хотирнишон кардаанд, ки ташаккули ахлоқии инсоният дар раванди таълим ва тарбияи экологӣ мукаммал мегардад.
Экология ва иқтисодиёт бо якдигар дар алоқамандии тарафайн қарор доранд. Дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ 2 категорияи мушкилот ҷой доранд, ки онҳо мушкилоти дохилӣ ва иҷтимоӣ мебошанд, ки дар натиҷаи таъсироти инсон ба табиат ба вуҷуд омадаанд. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст маърифати экологии шаҳрвандонамонро баланд намоем. Барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақши калидӣ доранд. Пешниҳод карда мешавад, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон тарбияро аз боғча оғоз намуда, ҳисси табиатдӯстдории кӯдаконро бедор намоем. Инчунин, пешниҳод менамоем, ки ҳар як шаҳрванди сайёраи замин новобаста аз шакли вазифа, мансаб, бояд ба ҳифз намудани муҳити зист кӯшиш намояд ва дар ҳар як мактабҳои олӣ новобаста аз шакли тахассус фанни экология ва ҳифзи муҳити зист ба таври бояду шояд омӯзонда шавад.
Одилҷон Улуғов, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ