Хабарҳо
Баргузории конференсияи байналмилалӣ
Санаи 8-уми июни соли равон бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-и назди ДДМИТ, кафедраи андоз ва андозбандӣ Донишгоҳи давлатии аввиатсионию техникии Уфаи Федератсияи Россия ва XV конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Низоми андози муосир: ҳолат, муаммо ва дурнами рушд» ба тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Мақсади баргузории конференсияи мазкур ин ҳалли муаммоҳои андозбандӣ ва муайян намудани дурнамои рушди низоми андози миллӣ мебошад, ки доираи масъалаҳои низоми андози муосир: сохтор ва дурнамои рушди он, маъмурикунонии андоз: низом, сиёсат ва механизми андозбандӣ, ҷой ва нақши андозҳо дар иқтисодиёт ва идоранамоии он дар корхонаро бо назардошти ҳамгироии илми байналмилалӣ байни олимон ва мутахассисони соҳаи андозро дар бар мегирад.
Дар кори конференсия устодон ва муҳаққиқон аз давлатҳои ИДМ ба таври маҷозӣ иштирок ва баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки аз рўи барномаи конференсияи байналмилалӣ аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» дотсент Х.Ҷумабоев дар мавзуи «Баъзе масъалаҳои фарқкунандаи таҳлили низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дотсентон С.Маъдиев ва У. Воҳидов дар мавзуи «Масъалаҳои самаранокии оморӣ-иқтисодии дастгирии молиявии рушди индустриалӣ-инноватсионии мамлакат» баромад намуданд.
Дар охир саволу ҷавоб, музокираронӣ ва таклифи ҳамкориҳои илмиву таълимӣ дар байни якдигар ибрози андеша намуданд.Баргузории чунин конференсияҳои байналмилалии маҷозӣ бори дигар аз робитаҳои мустаҳкам доштани донишгоҳҳои соҳавӣ далолат намуда, барои дар сатҳи замонавии ба бозори меҳнат тобовар тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисодӣ ба манфиати ҳама ҷумҳуриҳо мусоидат менамояд.
Тағоймурод Эшзода