Хабарҳо
Як дастоварди илмии дигар
Боиси ифтихор аст, ки санаи 30-юми майи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-005 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ Фаррухзод Ахмедов дар мавзуи «Инъикоси таърихи халқи тоҷик дар асарҳои академик Абдулғанӣ Мирзоев» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Рисолаи номзадӣ зери роҳбарии Ҳамзахон Камолов, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ омода гардидааст.
Мубрамияти мавзуи мазкур бо он асоснок мегардад, ки то кунун осори ба илми таърих бахшидаи А.Мирзоев мавриди омӯзиши махсус қарор нагирифтааст ва нақши олим дар илми таърихнигории тоҷик то ба ҳол мушаххас нашудааст. Муаллиф осори А.Мирзоевро омӯхта, ҷойгоҳи олимро дар таърихнигории тоҷӣк муайян намудааст.
Мо бо ин дастовард Фаррухзод Ахмедовро табрик намуда, дар корҳои илмию педагогии ояндааш комёбиҳо таманно менамоем.
Тағоймурод Эшзода