Хабарҳо
Муҳокимаи пешдифои рисолаи номзадӣ
Санаи 11-юми июни соли равон дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳокимаи пешдифои рисолаи номзадии устоди кафедраи менеҷменти молиявӣ Маҳмадшариф Амиров дар мавзуи “Арзёбии идоракунии хавфҳои молиявӣ ва нақши он дар таъмини устувории молиявии корхонаҳои саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси молия, муомилоти пулӣ ва қарз баргузор гардид.
Муҳокимаро декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, дотсент Даврон Хоҷазода кушода, қайд намуд, ки таҳқиқоти диссертатсионии Маҳмадшариф Амиров ба яке аз масъалаҳои рӯзмарраи илмии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар - солҳои 2022–2026, дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад.
Роҳбари илмии унвонҷӯ Баҳром Сафаров, дотсент, муовини ректор оид ба илм изҳор намуд, ки равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва афзоиши захираҳои меҳнатӣ дар замони муосир як бахши муҳимми ба тамоми илмҳои иқтисодӣ, ки асосҳои илмӣ-назариявии идоракунии хавфҳои молиявиро таҳқиқ ва асоснок менамояд, маҳсуб мешавад. Аҳаммияти диссертатсия дар он аст, ки хулоса ва пешниҳодҳои дар он дарҷгардида ба васеъ намудани донишҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат карда, татбиқи амалии худро дар заминаи қонунгузории таҳқиқоти сохторҳои ҷамъиятии соҳаи саноат бо дарназардошти манфиатҳои давлат мегузоранд.
Дар муҳокима муқарризон: профессори кафедраи молия, Ашурбой Бегматов, дотсент, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии ДМТ Фазлиддин Икромов ва устодони дигар ба сухан баромада, фикру ақидаҳои худро нисбати бурду бохти кори илмӣ баён намуданд.
Мо аз номи кормандони донишгоҳ Маҳмадшариф Амировро ба ин муваффақияти илмиашон табрику муборакбод намуда, ба корҳои ояндаашон комёбиҳо таманно дорем.
Тағоймурод Эшзода