Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фаъолияти ҳизбӣ дар таълимгоҳ густурда аст

Фаъолияти ҳизбӣ дар таълимгоҳ густурда аст

15 июни соли равон дар донишгоҳ конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар кори он муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода ва аъзоёни ҲХДТ дар донишгоҳ иштирок намуданд. 
Тибқи рӯзномаи конференсия ҳисоботи Умарзода Наврӯз, муовини раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар бораи фаъолияти КИ дар солҳои ҳисоботӣ (солҳои 2020-2021) шунида шуд. Баромадкунанда дар бораи фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ маълумоти мушаххас дода, қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар озмуни «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ» дар миқёси ноҳиявӣ ва шаҳрӣ сазовори ҷойи аввал гардид, ки барои ҳамҳизбиён боиси шараф буда, нишонаи фаъолияти содиқонаи аъзоёни он мебошад. 
Тавре Умарзода Н. қайд намуд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби пешсаф буда, садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосии он мебошад. Аъзои ҲХДТ будан ин шараф ва ифтихори ҳар як нафар буда, танҳо шахсони масъулиятшиноси худогоҳ метавонанд ба он аъзо шаванд. Айни ҳол шумораи аъзоёни ҲХДТ дар умум 1282 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 60%-ро занон ва 70%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд ва он муҳаррики асосии ҳизб маҳсуб меёбад. 
- Чун ҳадафи асосии ҲХДТ ин амалисозии ормонҳои мардум аст ва боварии комил дорем, ки дар ҳамдастӣ дар бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф ва илм иқдом менамоем, - гуфт нотиқ. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар идома мавсуф дар бораи корҳои анҷомдодаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ ва иштироки он дар маъракаҳои сиёсӣ истода гузашта, соли ҳисоботиро дар андухтани малакаву маҳорати корҳои ҳизбӣ, таҳкими интизоми ҳизбӣ ва вусъати корҳои ободонӣ назаррас хонд. Гуфта шуд, ки аъзоёни ҳизб дар самти роҳандозии ҳадафҳои барномавӣ, иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ дар самти баланд бардоштани эътибори ҳизб дар ҷомеа ва тақвияти донишҳои сиёсию маънавӣ, масъулиятшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва худшиносии ҷавонон дар таълимгоҳ як қатор тадбирҳо андешидаанд. 
Дар музокираи ҳисоботи мазкур Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм, Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ сухан карда, фаъолияти яксолаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо муҳиммияти ҳадафҳои ҳизбро мардум дуруст дарк намудаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳизб ва тарафдорони он тавассути амалисозии барномаи ҳизб ормонҳои худро амалӣ месозанд. 
Дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ, инчунин Латифзода А. баромад карда, дар бораи мароми ҲХДТ истода гузашт. Мавсуф гуфт, ки ҲХДТ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор, созанда ва ваҳдатофар табдил ёфта, сафи он аз ҳисоби шахсони донишманду ватандӯст ва ташаббускору масъулиятшинос сол ба сол зиёд мегардад. ҲХДТ маҳсули мактаби сиёсии Пешвои миллат мебошад. Мавқеъ ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷомеа нуфузи хосса дорад, барои солимии афкори мардум ва ба самти муайян сафарбар намудани онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар идома Латифзода А. барои пешравии фаъолияти кумитаҳои ибтидоии ҳизбӣ иҷрои вазифаҳои зеринро муҳим донист, ба монанди таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёмҳои Пешвои миллат бармеоянд, ташреҳи нуктаҳои асосии он дар байни ҷомеа аз тарафи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ, иҷрои қарорҳои Анҷумани 12 ва 13-уми ҲХДТ, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ, мутолиа ва омӯзиши асарҳои Пешвои миллат, ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва монанди инҳо, ки иҷрои ин дастурҳо барои ҳар як аъзои ҳизб муҳим ва зарурист. 
Қайд гардид, ки қариб тамоми бандҳои Барномаи ҲХДТ дар таълимгоҳ амалӣ гардидаанд, ба монанди баланд бардоштани сифати таълим, нашри китобҳои дарсӣ ва иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ба ҳамин монанд аст, ки он заминагузори ташкили зиндагии шоиста барои мардум мебошад. 
Аз ин рӯ, ҳадафи асосии мо ин боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа буда, онро танҳо дар такя ба суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрои самимона ва содиқонаи вазифаҳои хеш амалӣ сохта метавонем, таъкид намуданд баромадкунандагон. 
Баъдан аз рӯйи масъалаи дуюм 15 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ ва 16 нафар вакил ба Конференсияи 42-юми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино интихоб гардиданд. 
Ҳамзамон, раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим интихоб гардид. Муовини раис Умарзода Н. интихоб шуд. 
Сипас ба чанд нафар устоди донишгоҳ, аз ҷумла Қодиров Ф., Сулаймонзода Ш., Шарипов К., Халифазода Ҷ., Муминов Ф., Муминов А., Умаралиева Т., Давлатзода А. Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ба шахсони тоза ба сафи ҲХДТ шомилшуда дафтарчаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд. 
Дар анҷом доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 


Машҳура Абдуллоева