Хабарҳо
Баррасии вазъи бозорҳои молия ва суғурта
Санаи 15-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамҷоягӣ бо Департаменти суғурта ва иқтисодиёти соҳаи суғуртаи факултети молияи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Россия ва кафедраи суғуртаи факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Таъсири буҳрони ҷаҳонишавӣ ба бозорҳои молия ва суғурта” ба тарзи маҷозӣ сурат гирифт.
Иштирокчиёни конференсияи байналхалқӣ намояндагони донишгоҳҳои олии ИДМ, соҳибкорон ва гурӯҳи коршиносон буданд. Дар муҳокимаи масъалаи мазкур намояндагон аз Ҷумҳуриҳои Белорус, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон: Сиганов А. А., профессор, директори департаменти суғурта ва иқтисодиёти соҳаи иҷтимоии факултети молияи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Россия, К. Камолов, мудири кафедраи суғуртаи ДДМИТ, Хурсан В. В., мушовири директори генералии ТС “БИМА”, Верозубова Т. А., профессор, мудири кафедраи молияи Донишгоҳи иқтисодии Белорус, Б. Шамсуддинов, директори маркази инноватсионии суғуртаи Донишгоҳи миллии ба номи Мирзо Улуғбеки Ҷумҳурии Узбекистон, Логвинова И.Л., профессор, сармутахассиси илмии Департаменти суғурта ва иқтисодиёти соҳаи иҷтимоиёти факултети молияи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Россия, А. Умаров, декани факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии ба номи Мирзо Улуғбеки Ҷумҳурии Узбекистон, З. Султонов, профессори кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон, Б. Шарипов, профессори кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ бо маърузаҳо баромад намуданд.
Баргузор намудани чунин конференсияҳои байналмилалии маҷозӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ба манфиати ҳамагон буда, он дар рушди иқтисодии давлатҳо мусоидат мекунад ва ба рушди суғуртаи давлатҳо такони ҷиддие хоҳад расонд.
Тағоймурод Эшзода