Хабарҳо
Дар олимпиада дастаи ДДМИТ натиҷаи хуб ба даст овард
Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷавонони донишманду боистеъдод миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол ин чорабинии муҳим рӯзҳои 17-18 июн дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ доир гардид. Дар олимпиада зиёда аз 400 нафар донишҷӯ аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Дар олимпида 14 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Аз ҷумла, аз фанни назарияи иқтисодӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети молия ва қарз Ҷиҳонов Сунатулло ҷойи якум (роҳбари илмӣ: Балхов Д.), аз фанни технологияҳои иттилоотӣ донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Мирсаидов Некбахт ҷойи сеюм (роҳбари илмӣ: Соҳибов Ф.), аз фанни фалсафа донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Носиров Ҳумайнӣ (роҳбари илмӣ: Нозимов Ҳ.) сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст, бо Диплом ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ сарфароз гардиданд.
Дастаи олимпии ДДМИТ натиҷаи хуб нишон дод. Аз ҷониби кумитаи тадорукот ғолибони олимпиада ва муассисаҳои пешсаф соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки ин музаффарияти донишҷӯён натиҷаи меҳнату талоши эшон ва роҳбарони илмии онҳо буда, эътибори донишгоҳро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар боло мебардорад ва бозгӯи сифати баланди таълим аст.
Ғолибони олимпиада ва роҳбароин илмии онҳо дар маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Машҳура Абдуллоева