Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Натиҷаҳои фаъолият назаррасанд

Натиҷаҳои фаъолият назаррасанд

Рӯзи 20 июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои олимон доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, маърузаи ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар нимсолаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати соли ҳисоботӣ буд. 
Ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи таълимгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои нимсолаи дуюм вазифаҳоро муқаррар ва масъулини соҳаҳои дахлдорро муваззаф кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид. 
Сараввал ректор дар бораи дастовардҳои соли сипаригардида истода гузашт ва чунин иброз дошт: 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


- Дар давраи ҳисоботӣ кормандону омӯзгорони донишгоҳ тавонистанд ба комёбиҳои чашмрас ноил гарданд. Ин, пеш аз ҳама, чопи китобҳои дарсӣ ва дигар маводи чопӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, татбиқи лоиҳаи Эрасмус+К2, хатми 81 нафар бо дипломи аълочӣ ва дигарҳо мебошанд, ки аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги сол буда, аз фаъолияти пурсамари раёсати таълимгоҳ ва коллективи меҳнатӣ далолат медиҳад. 
Ба таъкиди ректор, раванди таълим дар донишгоҳ дар асоси нақшаҳои таълимии стандартӣ ба роҳ монда шудааст ва дар он 21 нафар доктори илм, 151 нафар номзади илм ва 199 нафар муаллимони калону ассистент ҷалб гардидаанд. Барои бо сифати баланд ва мувофиқи талаботи замони муосир гузаронидани дарсҳо дар донишгоҳ 2300 адад таҷҳизоти муосири технологияҳои иттилоотӣ насб гардидааст, ки барои мукаммал гузаронидани машғулиятҳо истифода мешаванд ва барои болобурди сифати таълим бетаъсир намемонад. 
Дар баробари пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ ректор, инчунин, аз баъзе камбудиҳое ёдовар шуд, ки барои рушди таълимгоҳ монеа эҷод менамоянд, ба мисли дар сатҳи таҳияи нодурусти силлабусҳои таълимӣ, камбудиҳо дар таҳияи тестҳои имтиҳонӣ, сифати пасти маҳорати илмию эҷодӣ, иштироки нокифоя дар конфронсу семинарҳои илмӣ ва норасоӣ дар фаъолияти кории бархе аз кураторон эрод гирифта шуд ва барои ислоҳи камбудиҳо масъулин муваззаф гардиданд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар охир, Абдуалимзода Ҳ. барои дастгирии иҷтимоии кормандон ва барои таъмини шароити мусоиди иҷтимоӣ аз санаи 1 июли соли 2022 баланд бардоштани музди маошро аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 15% эълон намуда, дар баробари ин, аз ҳисоби маблағҳои махсус ҳам боло бурдани онро эълон дошт, ки дастгирии ҳамаҷониба ёфт. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар музокира Ф. Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Ғ.Мирзоев, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Н. Аслонова, профессори кафедраи забони тоҷикӣ иштирок ва фаъолияти нимсолаи донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз корҳои дар самтҳои гуногун анҷомдодаи коллективи меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва дар ин баробар, барои пешравии фаъолияти минбаъда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ба китобхонӣ ҷалб намудани донишҷӯён ва дигар самтҳо фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд, ки қобили дастгирии аҳли толор ва раёсати шуро гардид. 
Баъд аз ин ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳ. дар боби қадрдонӣ ва сарфарознамоии устодону кормандон сухан карда, барои дастовардҳои бенуқсон дар фаъолияти корӣ дар самти таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ, тарбия, хоҷагӣ беҳтаринҳо дар ҳаҷми 500 ва 400 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. Ба 32 нафар бонувони донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса роҳҳат барои истироҳат ба осоишгоҳи “Хоҷа обигарм” тақдим карда шуд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Ба ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни назарияи иқтисодӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети молия ва қарз Ҷиҳонов Сунатулло ҷойи якум (роҳбари илмӣ: Балхов Д.) 3 ҳазор сомонӣ, аз фанни информатика донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Мирсаидов Некбахт ҷойи сеюм (роҳбари илмӣ: Соҳибов Ф.) 1500 сомонӣ, аз фанни фалсафа донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Носиров Ҳумайнӣ (роҳбари илмӣ: Нозимов Ҳ.) сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, бо Диплом ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ сарфароз гардиданд. 
Хамзамон, ба чанд нафар барои фаъолияти пурсамар Ифтихорномаи ДДМИТ супорида шуд. 
Ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Парвиз Бобохонзода бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. 
Ғолибони озмуни “Китобхони беҳтарин” бо мукофотпулӣ ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. 
Дар ҷамъбаст ректори таълимгоҳ ба аҳли толор дар оянда фаъолияти аз ин ҳам пурмаҳсул ва масъулиятшиносиро хостор шуд. 


Машҳура Абдуллоева